Намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон эълом кард, ки бар асоси матни тавофуқнома хурӯҷи Амрико аз панҷ пойгоҳ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон имрӯз, душанбе тайи суханоне пас аз дидор бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ сарон ҳукумати ваҳдати милли ин кишвар изҳор дошт: Амрико дар усул бо толибон ба тавофуқ расидааст, бар асоси матни тавофуқнома хурӯҷ Амрико аз панҷ пойгоҳ дар Афғонистон пешбинь шудааст.
Вай дар як мусоҳибаи вижа бо “Тулӯъ нюз”-и Афғонистон гуфт: “то ҳангоме, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида мувофиқат накунад, ин тавофуқ ниҳоӣ нест. Аммо Трамп дар бораи ин ки ин тавофуқнома дар куҷо ва дар чӣ сатҳе аз сӯи намояндагони ду тараф имзо шавад, тасмим хоҳад гирифт. Бар асоси ин тавофуқнома ҳудуди панҷ ҳазор нерӯи амрикоӣ дар марҳалаи нахуст аз панҷ пойгоҳ хориҷ хоҳанд шуд. Дар гоми нахуст хушунатҳо дар вилоятҳои Парвон ва Кобул коҳиш хоҳанд ёфт”.
Халилзод таъкид кард: “агар шароит ҳамон гуна, ки дар тавофуқнома аст пеш биравад, дар 135 рӯз панҷ пойгоҳи феълиро, ки мо ҳузур дорем тарк мекунем”.
Намояндаи Амрико барои сулҳи Афғонистон бар гуфтугӯҳо миён афғонҳо таъкид карда ва тасреҳ кард: бозгашти иморат исломии Толибон бо зӯр пазируфтанӣ нест. Агар талош шавад, ки назароти як тараф ба зӯр бар дигарон таҳмил шавад, натиҷааш ҷанг хоҳад буд”.
Гуфтанист Садиқ Садиқӣ, сухангӯи риёсатҷумҳурии Афғонистон тайи як нишасти хабарие дар Кобул гуфт: Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико матни тавофуқномаи нӯҳумин давраи музокироти Вашингтон-Толибонро ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷмҳури Афғонистон ироа кардааст.
Садиқӣ дар идома ҳамчунин изҳор дошт: “давлати Афғонистон дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқнома бо раҳбарони сиёсии кишвар ройзанӣ ва пас аз шунидан ва баррасии мулоҳизоти онҳо, назари ниҳоии хешро ба Халилзод ироа хоҳад кард. Тими музокиракунандаи Афғонистон омодаи музокира бо Толибон аст. Ғанӣ ва Халилзод дар бораи интихоботи Афғонистон гуфтугӯ накардаанд. Оташбас ва гуфтугӯи мустақим муҳимтарин масъала барои Афғонистон дар тавофуқи Амрико бо Толибон аст”.