Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон сеяки барқи истеҳсолиашро ба хориҷ мефурӯшад

Давоми як моҳ Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар қариб 640 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод.

Моҳи июли соли равон кишвар наздики 30% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳуриро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар дар ин давра 2,1 млрд. кВт/соатро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Аз ҳисоби нерӯи барқи фурӯхташуда дар ин давра ба кишварҳои ҳамсоя 230 млн. Сомонӣ, наздики 25 млн. доллар даромад ба даст оварда шудааст.

Мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Тоҷикистон имсол ба хориҷи кишвар беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *