Рубрики Хабарҳо

Як тоҷик баъди боздошти пулиси Рязан ғайб зад

Шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон Зикриё Турдиев баъди боздошт шуданаш аз тарафи пулиси шаҳри Рязани Русия нопадид шудааст. Масъулин пулис ҳар дафъа маълумоти дигаре медиҳанд.

Турдиев ду рӯз пеш, 5 сентябр бидуни кадом гуноҳе аз тарафи пулис бодошт ва ба идораи он бурда шуд. Дӯстонаш мегӯянд ӯ тамоми ҳуҷҷатҳои будубош ва кор дар ин кишварро дошт, аммо пулис бо баҳонаи тафтиш ӯро ба идора бурдааст. 

Кӯшиши дӯстону наздиконаш, ки чанд бор ба идораи пулис рафтаанд, то аз тақдири ӯ воқиф шаванд, бенатиҷа анҷом ёфтааст. Бори аввал пулис гуфтааст Тӯрдиевро ҷавоб додаанд, аммо ҳар дафъаи дигар посухи мухталиф медиҳанд. Гоҳе мегӯянд ӯ ба шӯъбаи дигар интиқол шудааст, гоҳе ба боздоштгоҳи муваққатӣ.

Аммо дӯстонаш ӯро на дар ҳеҷ идораи дигар ва на боздоштгоҳҳои муваққатӣ пайдо накардаанд. Онҳо хавотиранд, ки дар идораи пулис ба Зикриё ҳодисае рух додаву кормандони он мехоҳанд аз ифшо шудани он пешгирӣ кунанд.

Паём аз ҳамаи онҳое, ки хабаре аз ин ҷавон доранд хоҳиш мекунад, ҳар маълумоте наздашон аст, ба мо ирсол кунанд. Ҳамчунин аз тоҷикони муқими Рязан, диаспораи тоҷикон дар ин шаҳр ва вакилони дифоъ хоҳиш мешавад, дар тақдири Зикриёи 24 сола бепаво набошанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *