Рубрики Хабарҳо

Талаботи ҷаҳон ба ангиштсанг меафзояд

Нарх ҳам боло хоҳад рафт

Солхои охир дар бисьёр кишварҳои дунё истифодаи ангишт камтар ба назар мерасид. Ба конҳои нави ангишт  баъзе бонкҳо маблағгузории молиявиро мутаваққиф карда буданд, чун фоидаи дурусте ҳам бор намеовард. Аммо имсол дар тамоми дунё шароити истифода аз ин сӯзишвории ба қавле чиркину заҳролуд тағир ёфт. 

Нашрияи The Economist афзоиши истифодаи ангишт ва болоравии қимати онро таҳлил кардааст, ки вазъ то кай идома хоҳад ёфт.

Дар соли 2021, дар саммити иқлими COP26, давлатҳо ба мувофиқа расида буданд, ки истифодаи сӯзишвории олудатарини ҷаҳонро «марҳила бар марҳила» қатъ кунанд.

Ҳатто Чин ва Ҳиндустон, бузургтарин истеъмолкунандагони ангишт дар ҷаҳон, ба он санад имзо гузоштанд. Аммо имсол дар чахон аз харвакта дида бештар  нерӯи барқ аз ангишт истехсол карда шуд.

Партобҳои газҳои гулхонаӣ аз сӯзишворӣ ба ҳисоби 15,3 миллиард тонна расид. Ин зиёда аз 40 дарсади тамоми партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Моҳи марти имсол қимати ангишт ба болои 400 доллар барои як тонна расид, ки баландтарин қимат дар таърих аст. 

Аслан масрафи ангишт дар даҳсолаи охир яксон мерафт. Ҳарчанд дар кишварҳои Осиё аз ангишт бештар истифода кунанд, дар минтақаҳои дигари дунё ин нишондиҳанда то рафт коҳиш меёфт. Сабаби дигари коҳиши масраф таваққуфи ҷанбаҳои иқтисод аз сабаби шуйӯи куруно ва таъини карантина буд. Шурӯъ аз моҳи октябри соли порин қимати гази табиӣ — сӯзишвории тоза ба баландтарин сатҳи худ дар даҳ соли охир расид, ки қисман ба сабаби зимистони сахти Русия ва талаботи зиёд дар Осиё буд. Дар натиҷаи ин ҳолат, муассисаҳои коммуналӣ ва бархе шабакаҳои гармидиҳӣ  ба истифодаи ангишти арзон гузаштанд. 

Тибқи маълумоти  ширкати тадқиқотии Rystad Energy, нархи нерӯи барқ ​​дар Аврупо 18% афзоиш ёфт, ки ин аввалин афзоиши солона аз соли 2017 аст.

Нигарониҳо аз он ки интиқоли газ ба Аврупоро шояд қатъ шавад, қимати газ боз ҳам боло рафтан дорад. Чун ширкати энержии Русия Газпром ахиран эълон кард, ки интиқоли газ ба Лаҳистон ва Булғористонро қатъ мегардад, нархҳо дубора боло рафтанд.

Аз ин ҷост, ки ангиштсанг айни ҳол воситаи муносибе барои иваз кардани гази Русия дар муддати кӯтоҳ аст. Сӯхтани углерод аз бунёди турбинаҳои нави шамолӣ ва батареяҳои офтобӣ душвортар аст.

Ҳатто агар мо системаи савдои партовҳоро ба назар гирем, ки истеҳсолкунандагони энергияи ИА бояд барои истеҳсоли гази карбон пардохт кунанд, нерӯгоҳҳои барқии ангиштсанг нисбат ба эквивалентҳои газашон арзонтаранд.

Иттиҳодияи Аврупо эълон кард, ки воридоти ангишт, газ ва нафтро аз Русия манъ мекунад, дар ҳоле, ки нисфи ангишти ба ҷониби Аврупо барои тавлиди нерӯи барқ ​​воридшаванда ангишти содироти  Русия аст. 

Барои  вобастаи гази Русия набудан, сарвазири кишвари Итолиё Марио Драги гуфт, ки корхонахои кухнаи бозмондаи ангиштсангро аз нав фаъол карда метавонанд. 

Олмон нисбат ба дигар кишварҳои Аврупо бештар ангишт месӯзад ва ҳамин усули Итолиёро пай гирифтан мехоҳад. Ҳукумати Бритониё эълом дошт, мехоҳад се нерӯгоҳи ангиштсанги кишварро, ки бояд имсол баста мешуданд, фаъол мегузорад. 

Сухангӯи бахши иқлими Иттиҳодияи Аврупо Франц Тиммерманс гуфт, ки кишварҳои Аврупо  бояд аз ангишт бештару самаранок истифода баранд, то эҳтиёҷманд ба гази Русия набошанд.  Аммо истихроҷи ангишт дар Аврупо метавонад бо сабаби афзудани сармоягузорӣ кӯтоҳмуддат бошад. 

Ояндаи сӯзишвории ангиштсанг аз ҷониби кишварҳои Ҳинду  Чин муайян карда мешавад, чун дар соли 2021 зиёда аз 60 дарсади ангишти истеҳсолшудаи ҷаҳонро инҳо истифода карданд.

Сарфи назар аз боло рафтани нархи ангишт, истифодаи он дар ҳоли афзоиш аст. Худи ҳамон моҳ як ширкати давлатии ангишти Ҳиндустон гуфт, ки тавассути кашфу истифода шудани беш аз 100 кони нав  истихроҷи ангишти худро афзоиш медиҳад. Аммо айни ҳол барои мавҷуд набудани ҷойгузини ин сӯзишворӣ, нарх поён нахоҳад рафт.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *