Бонки ҷаҳонӣ: қарзи давлатии Тоҷикистон ба 50%-и ММД расидааст
Беш аз 40%-и пардохтҳои қарзии Тоҷикистон ба панҷ соли оянда рост меоянд. Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Мусоидат ба потенсиали рушди Тоҷикистон”, таносуби қарзи давлатӣ бо ММД бештар аз 45%-ро такил медиҳад, ки фазои бисёр маҳдуди фискаливу қарзӣ барои бартарафсозии шокҳоро эҷод кардааст.
“Қарзҳо барои пружаҳои сармоягузории давлатӣ, интишори қоғазҳои қарзии дохилӣ барои дастгирии соҳаи бонкӣ ва интишори қоғазҳои қиматноки аврупоӣ (еврооблигации) ба маблағи $500 млн дар сентябри 2017 сабабҳои асосии ҷамъшавии қарзи нав буданд, ки мунҷар ба тазъифи минбаъдаи сиёсати идоракунии қарзӣ ва ба 50%-и ММД расидани қарзи давлатӣ гаштанд” – қайд шудааст дар гузориш.
Қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон “Эксимбанк”-и Чин – 54,1% аз ҳаҷми умумӣ ва 80%-и от общего объема и около 80%-и портфели дуҷонибаи қарзии кишвар, Анҷумани байналмилалии рушд – 14%, Бонки Осиёи рушд – 11,8% ва бонки исломии рушд 5,8% ҳастанд.
Ҳаҷми қарзи имтиёзноки дуҷониба ва бисёрҷониба беш аз 80%-и маблағи қарз, воми бидуни баҳра аз бозорҳои байналмилалии сармоя 17% ва ӯҳдадориҳои қарзии нимаимтиёзӣ 2,1%-ро ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати молияи кишвар мегӯяд, ки таносуби қарзи хориҷӣ бо ММД дар ҳоли ҳозир 35-36%-ро ташкил медиҳад ва саҳми Чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 48% баробар аст.
Тибқи иттилоъи Вазорати молия, Тоҷикистон нақша дорад соли ҷорӣ аз институтҳои байналмилалии молия ва кишварҳои алоҳида $445 млн қарзу грантҳо ҷалб кунад.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон бояд соли ҷорӣ барои пӯшонидани қарзҳои кӯҳна беш аз 1 млрд. 211,6 млн. сомонӣ ($125,1 млн.) масруф кунад.
Интизор меравад қарзи хориҷии кишвар имсол $235 млн афзоиш ёбад. Дар Барномаи давлатии қарзи хориҷӣ барои соли 2019, ки ҳукумат онро тасдиқ кардааст ва пешбинии нишондиҳандаҳо барои солҳои 2020-2021 гуфта мешавад ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар соли 2019 $3 млрд. 108 млн.-ро ташкил хоҳад дод.
Пешбинӣ мешавад дар се соли оянда афзоиши қарзи хориҷӣ $714 млн.ро ташкил диҳад. Ҳамин тавр тибқи пешбинии ҳукумат қарзи хориҷии кишвар дар охири соли 2020 ба $3 млрд. 327 млн. ва дар охири соли 2021 ба $3 млрд. 441 млн.ро мерасад.