Рубрики Хабарҳо

Таъкиди Мавлавӣ Абдулҳамид бар лузуми ислоҳи сиёсати хориҷӣ ва дохилии Эрон

 Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ аз раҳбарони аҳли суннати Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории туркии Анотули таъкид кард, бидуни ислоҳи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳури исломӣ, ҳатто дар сурати музокира бо Амрико низ бӯҳронҳои кишвараш ҳал нахоҳад шуд. 

Мавлоно Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи шаҳри Зоҳидон ва аз раҳбарони аҳли суннати Эрон дар гуфтугӯии ихтисосӣ бо хабаргузории Анотули вазъияти кишвараш дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва минтақаӣ, музокирот ва равобити байналмилал, мушкилоти дохилӣ, ҳуқуқи башар ба вижаи ақаллиятҳо монанди суниҳо, мизони таъсири мардум, аҳзоб ва ниҳодҳо аз ҷумла маҷлис дар идораи умур ва ғайраро ташреҳ кард. 

Мудири Доролъулуми Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистон дар бораи музокира миёни Эрон ва Амрико, ки имрӯзҳо бисёр доғ ва дорои мухолифон ва мувофиқони бисёре аст, изҳор дошт: 

“Ман ба музокирот эътиқод дорам ва дар шароити ҳозир хуб аст. Нуктаи муҳим ин ки худамон бояд сиёсатҳоямонро таъдил кунем. Вақте ин сиёсатҳоро таъдил кунем, ҳатто агар бо Амрико музокира накунем, мушкилоти мо ҳал мешавад. Сиёсати хориҷии мо аввалин ҳавзае аст, ки бояд онро таъдил кард. Агар дар сиёсати хориҷӣ тағйир ва дар сиёсати дохилӣ таъдил эҷод шавад, Амрико дасташ баста мешавад ва наметавонд ба мо фишор биоварад. Пеш аз музокира бо Амрико, бояд ин таъдилҳоро дар Эрон эҷод кунем”. 

Вай дар хусуси навъи тағйироте, ки Эрон бояд дар сиёсати минтақаи худ эъмол кунад, низ тасреҳ кард: 

“Эрон набояд аз гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъа ҳимоят кунад. Ин ба нафъи ҷомеа ва кишвари мост. Суханони ман илова бар аҳли сунат, барои ҷомеаи шиъа ва ба нафъи онҳо низ аст. Масъулини Эрон мегӯянд, ки мо дар Сурия, Яман ва ҷоҳои дигар дахолате надорем, аммо дунё инро намепазирад.Ҷумҳурии исломӣ аз ақаллияти шиъа дар дигар кишварҳо ҳимоят кунад, ки ҳаққшон зойеъ нашавад, аммо ин ҳимояти сиёсӣ бошад, на низомӣ. 

Ҳимояти низомӣ мушкилоте ба бор меоварад ва масъулони Эрон бояд мавзеъи худро тағъир диҳанд. Чаро баъд аз 40 сол ба самте биравем, ки сиёсатамон қобили таъдил набошад? Агар сиёсати худро таъдил накунем, вуҷуди худамон ба хатар меафтад. Ин, як ниёзи шадид ва роҳе барои наҷоти Эрон ва Ҷумҳури исломӣ аст. 

Масъулони низом набояд танҳо сухани мазҳабиҳоро бишнаванд, балки бояд донишгоҳиён ва нухбагонро низ дарёбанд ва аз онҳо машварат бигиранд. Ҷумҳурии исломӣ дар Яман, Сурия ва ҳамаҷо аз сулҳ ва ташкили ҳукуматҳои фарогир ва гуфтумон ҳимоят кунад ва инро мабнои сиёсати худ қарор диҳад. Сиёсат агар миқдоре таъдил шавад кулли мушкилоти мо ҳал мешавад. 

Агар бо ин сиёсати феълӣ пеш биравем, ба нафъи Исроил тамом мешавад. Исроил ба тамоми кишварҳо мегӯяд “шумо дар хатар ҳастед. Инҳо мазҳабӣ фикр мекунанд ва барои мазҳаб меҷанганд ва шумо дар хатар ҳастед”. Бояд дурандеш бошем ва нагузорем кишварҳои исломӣ ба тарафи Амрико бираванд ва бо Исроил ҳамроҳ шаванд ва аз дасти мо, ин ду кишварро ноҷии худ тасаввур кунанд”. 

Мавлавӣ Абдулҳамид дар мавриди авзоъ ва мушкилот ва буҳронҳои дохилии Эрон низ баён дошт: 

“Ҷаҳон ва Эрон дар як бунбаст қарор гирифтааст. Ман ба унвони як шаҳрванд ин масъаларо матраҳ мекунам; Шариат ҳамаи моро мукаллаф кардааст, ки нисбат ба кишвар, ҷомеа, мусулмонон ва ҳамаи башар дилсӯз бошем. Ҳам ҳокимият ва давлат ва ҳам миллат бояд дилсӯз бошанд. Дилсӯзӣ яъне ин ки бархе воқеиятҳоро баён кунем. 

Мо аз лиҳози сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ бо бунбаст мувоҷиҳ ҳастем. Мардуми мо дар кишваре зиндагӣ мекунанд, ки дар гузашта миллатҳои ҳамсоя аз он баҳраманд шуда ва дар ин ҷо манофеъи молӣ ва тиҷорат доштаанд. Мардум мо алъон бо бӯҳрон мувоҷеҳ ҳастанд. Фақр, бекорӣ ва тангдастӣ бедод мекунад. Гаронӣ ба ҳадде аст, ки мардум наметавонанд асоситарин ниёзҳои худро таъмин кунанд. Бисёре аз мардуми Эрон бекор шуда ё шикастҳои иқтисодӣ хӯрдаанд. Мардум сармояи обо ва аҷдоди худро бохтаанд”. 

Ӯ дар бораи нақши ҷиноҳҳои сиёсӣ монанди усулгароён ва ислоҳталабон дар авзоъи кунунии Эрон ва кӯмаке, ки метавонанд барои ҳали мушкилот бикунанд низ гуфт: 

“Мушкилот 40 соли ахири Эронро ба бунбаст кашондааст. Ислоҳталабон ва усулгароён натавонистаанд нақши дурустеро ифо кунанд. Усулгароён дар давраи гузашта дучори бунбаст гир шуданд ва ҳоло ислоҳталабон чунин мешаванд. Миллат ба ин натиҷа расида, ки ин ду ҷиноҳ наметавонанд мушкилотро ҳал кунанд, чаро ки дар ин муддат натавонистанд роҳкорӣ ироа диҳанд. 

Миллати Эрон аз тамоми ҷиноҳҳои сиёсӣ дилхӯр ҳастанд. Ин кишвар алон наметавонд бо ин ҷиноҳҳо идора шавад ва аз чолишҳо убур кунад. Алъон фикри ҷадиде мехоҳад. Равиши ислоҳталабон ибтидо дуруст буд, вале натавонистаанд барӯз бошанд ва мушкилотро ҳал кунанд ё лоақал ба миллат бигӯянд, ки наметавонем. 

Мардум ба ислоҳталабон бадбин ҳастанд, чун мушкилии Эронро ҳал накарданд. Нухбагони кишвар барои ҳали мушкилоти кишвар роҳкор ва фикри ҷадиде иттихоз кунанд, ки миллатро баргардонанд. Агар миллат барнагардад, резиши сиёсӣ афзоиш меёбад ва оянда хеле хатарнок мешавад. Бинобарин таъдили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муҳиммтар аз музокира бо Амрикост”. 

Ин шахсияти аҳли суннати Эрон дар бораи мавориде, ки бояд дар онҳо ислоҳ ва таҷдиди назар сурат гирад низ таъкид кард: 

“Гузиниш бар асоси нигоҳи мазҳабӣ аз мавориде аст, ки сад дарсад бояд тағйир кунад. 40 соли таҷриба нишон дода, ки ин навъи гузиниш ҷавоб надода ва ба кишвар осеб задааст. Афрод бояд бар асоси тавонмандӣ ва шоистагӣ гузиниш шаванд ва набояд танҳо ба масоили мазҳабӣ нигарист. Диёнат ва тақво хуб аст, вале мабнои интихоб бояд тавонмандӣ ва шоистагӣ бошад. Маънои шоистасолорӣ ин аст. 

Ин ки мо мегӯем сиёсати дохилиро таъдил кунем, яъне дар навъи таъйид салоҳият кондидоҳои намояндагони маҷлис ва риёсати ҷумҳурӣ ва мудирони садо ва симо ва дигар идороти таҷдиди назар шавад.Ҳар ҷо қонун монеъ аст, бояд онро тағйир дод. Ќонун, на ваҳй, балки сохтаи хубрагон ва маҷлис аст, ки масун аз хато нестанд. Аз он замон то кунун 40 сол мегузарад. Шароити ҷадид нишон дода, ки ин қавонин ҷавоб намедиҳад ва бояд тағйир ёбанд. 

“Ман дилсӯзона мегӯям нигаҳдории Мир Ҳусайн Мусавӣ ва Маҳдӣ Барубӣ дар ҳабс мушкилоте барои Эрон дорад. Чӣ басо иддае аз суханони ман нороҳат шаванд. Бояд аз ҳамаи мардум назар бигирем. Нигоҳ накунем чӣ касе мухолиф ё мувофиқи мост. Эрон як ҳавзаи илмия ё масҷид ва ҳусайния нест, ки ба роҳатӣ идора шавад. Мардуми Эрон ҳам, ки фақат усулгароён ё ислоҳталабон нестанд”. 

Исмоилзиҳӣ дар бораи рӯйкарди ҳукумати Эрон дар қиболи аҳли суннати ин кишвар ва таваҷҷӯҳ ба матолиботи онҳо низ гуфт: 

“Низом бояд сиёсати худ дар қиболи аҳли суннати дохил ва хориҷро тағйир диҳад. Дар ин 40 соли табъиз дар ҳадди болое вуҷуд доштааст. Фишор бар рӯйи ҷомеъаи аҳли суннат ҳам мазҳабӣ ҳаст ва ҳам дар дигар заминаҳо. Тайи 4 даҳаи гузашта бар рӯйи масоҷид ва мадориси мо фишор вуҷуд дошта ва табъиз бисёр густурда будааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин 40 сол натавониста як вазири суннӣ дар кобина бигузорад ва дар марокизи қудратӣ аҳли суннатро шарик кунад. Танҳо теъдоде намоянда аз филтри Шӯрои нигаҳбон гузаштаанд. Ба намояндагони тавонманд иҷозаи вуруд надода ё дар давраи баъд онҳоро ради салоҳият кардаанд. Ин сиёсат барои аҳли суннат дар дохил вуҷуд дошта ва идома дорад. 

Дар мудирияти калони Эрон ва дигар марокизи қудрат монанди Шӯрои нигаҳбон, Маҷмаъи ташхиси маслиҳат ва нерӯҳои мусаллаҳ ва бахшҳои муҳимм ҳеҷ фарде аз аҳли суннат вуҷуд надорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ин нигариш ва нигоҳи худро нисбат ба аҳли суннат дар дохил ва хориҷ аз кишвар бояд тағйир диҳад”. 

Вай дар бораи нақш ва коромади маҷлиси Эрон низ изҳор дошт: 

“Маҷлиси Эрон собит кардааст, ки наметавонад мушкилоти кишварро ҳал кунад. Эрон бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ аст аммо намояндагон ҳеҷ роҳкоре барои ҳали мушкилот ироа накардаанд. Бахше аз онон гузиниши ҳастанд. Намояндагони тавонманд дар маҷлис вуҷуд доранд, аммо дар ақаллият ҳастанд. Кишвар ниёзманди маҷлиси дорои намояндагони тавонманд ва соҳибназар аст. 

Равияе, ки то кунун ҳоким будааст ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавобгӯ нест ва дар оянда ба зиёни намояндагони маҷлис хоҳад буд. Ин равиш бояд тағйир ёбад ва арсаро бештар боз кунанд то афроди тавонманд вориди маҷлис шаванд. Танҳо ба эътиқоди афрод ва афкори мазҳабии ӯ нигоҳ накунанд, балки ба тахассус ва тавоноӣ низ бингаранд”. 

Сухани поёни Исмоилзиҳӣ дар мусоҳибааш бо хабаргузорон Анотулӣ: 

“Эрон бо бӯҳрон дар дохилӣ ва хориҷ мувоҷеҳ аст. Роҳкор лозим аст ва бояд чорае биандешем. Он чи дар шароити ҳозир метавонад Эронро аз бунбаст наҷот диҳад, таъдил дар сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилӣ аст. Агар мо ин ду таъдилро анҷом диҳем, ҳадди ақал кишвар наҷот меёбад. Бидуни ин таъдилҳо, ҳарчанд оянда ба дасти Парвардгор аст, аммо мушкилоти бисёр зиёде барои Эрон ба вуҷуд хоҳад омад. 

бояд дар сиёсати дохилӣ ҳам таъдил анҷом шавад. Ин равандеро, ки идома медиҳем дар ин 40 сол собит карда, ки ҷавобгӯ нест. Дар дохил норизояти умумӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳар рӯз умуми мардум аз мо норозӣ мешаванд. Ин дар оянда барои вуҷуди мо хатарнок аст. Мо бояд ҳарфи миллатро гӯш кунем ва ба онҳо бетаваҷҷӯҳ набошем. Озодии мардум бояд таъмин шавад. Миллат бояд озодии калом ва баён дошта бошанд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *