Рубрики Хабарҳо

ПМТ яксолагиашро ҷашн мегирад

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) пагоҳ, 15 сентябри 2019 дар Варшава, пойтахти Лаҳистон аввалин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад. 

Дар бора Темур Варқӣ, раиси дафтари иттилоот ва узви Шӯрои олии ПМТ хабар додааст. Ӯ дар саҳифаи фкйсбукии худ навиштааст:

Як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо чанд гурӯҳи мухолифи режими диктатурии Раҳмон, дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон гирди ҳам омада эътилоферо таҳти унвони Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) таъсис намуданд.

ПМТ нахустин солгарди худро бо баргузории ҳамоише бо ширкати гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва низ меҳмонон, ҷашн хоҳад гирифт.

Дар ин ҳамоиш, қарор аст суханронон дар бораи фарозу нишебҳо ва дастовардҳои ПМТ дар як соли гузашта ба сухан бипардозанд. Дар поёни ҳамоиш, ҷаласаи посуху пурсиш бо аъзои Шӯрои олии ПМТ низ баргузор хоҳад шуд.

Ин ҳамоиш ба сурати мустақим дар фазои маҷозӣ пахш хоҳад шуд.

Замони баргузории ҳамоиш: якшанбе, 15 сентябри соли 2019, субҳи соати 9:00 ба вақти Варшава, соати 12:00 ба вақти Душанбе

Макон: Варшава, пойтахти Лаҳистон

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *