Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон хабарр додааст, ки дирӯз, 5 июл Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ дошт. Сарони кишварҳо ба вазъи Осиёи Марказӣ бинобар бад шудани вазъ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон тамаркуз карданд.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқии Узбакистон ва Русия муҳокима шуданд. Онҳо инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Президентҳо суръати кунунии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро, хусусан дар соҳаи тиҷоративу иқтисодиро бо қаноатмандӣ қайд намуданд.
Президентҳо ба мушкилии вазъ дар Осиёи Марказӣ бинобар муташанниҷ гаштани ҳолат дар минтақаҳои шимолии Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.