Шуморе аз шаҳрҳои устон Хузистони Эрон шомгоҳи панҷшанбе 15 июл саҳнаи тазоҳуроти мардум дар эътироз ба беобӣ ва интиқоли об ба манотиқи дигар ва ҳамчунин қатъи ботакрори барқ буд.
Тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз он аст, ки дар шаҳрҳои Савсангард, Аҳвоз, Шодагон, Дашти озодагон, Ҳамидия, Ободон ва Моҳшаҳр роҳпаймоииҳои эътирозӣ сурат гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, мӯътаризон дар шаҳрҳои Моҳшаҳр, Кути Абдуллоҳ ва Муллосонӣ иқдом ба бастани ҷодаҳо ва оташ задани худравҳо карданд.
Фаридун Бандарӣ, сарпарасти фармондори бандари Моҳшаҳр дар гуфтугӯ бо Форс гуфтааст: “Масдуд кардани масири бандари Моҳшаҳр ба Бандари Имом Хумайнӣ ба сурати ҷиддӣ вуҷуд надошта ва фақат теъдоди андаке афроди навҷавон дар пайи фарохонӣ дар фазои маҷозӣ ба далели мушкилоти беобӣ иқдом ба ин кор карданд.”
Ба гуфтаи ӯ, бо ҳузур нируҳои интизомӣ ва оташнишонӣ масири номбурда боз ва дубора қобил истифода шуд.
Форс менависад, мӯътаризони хузустонӣ хостори расидагӣ ба мушкили беобӣ дар ин устон шуданд.
Ахбори мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз коҳиши суръати интернет дар Хузистон, тирандозии неруҳои амниятӣ ва эъломи ҳолати фавқулъода аз сӯи неруҳои низомӣ аст.
Дар видеоҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиорҳои «ба номи дин моро ғорат карданд», «рудхона ташна аст обашро мехоҳад» ва «ҷону хунамон фидои корун» шунида мешавад.
Веб-сайти ҳуқуқи башари Ҳароно менависад, дар эътирозоти Аҳвоз як нафар ба номи Ризо Саломот тавассути неруҳои амниятӣ боздошт ва ба маконӣ номаълуме мунтақил шуд.
Ин эътирозот дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҳафтаҳои ахир мушкили беобӣ дар авҷи гармои тобистон боис фишори беш аз ҳадд бар мардум, домдорон ва кишоварзон шуда ва дар бархе манотиқ ба эътирози онҳо ба мудириятм бади манобеъи обӣ мунҷар шудааст.
Илова бар беобӣ, қатъи батакрори барқ низ арсаро ба вижа бар мардуми Ҳузистон танг кардааст.
Дар ҳафтаҳои ахир таҷаммӯъҳои эътирозии мухталифе аз сӯи коргарон, кишоварзон ва домдорон сурат гирифтааст. Қатъӣ мукаррари барқ, беобӣ, мушкилоти ношӣ аз мавҷи панҷуми коруно ва мушкилоти иқтисодӣ омилӣ ин эътирозот будааст.