Баҳодур Усмонов аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Екатеринбург, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63 кило қувваозмоӣ мекард, бо шикаст дар бозии даври 1/8 финалӣ аз идомаи рақобат маҳрум шуд.
Дар даври 1/8 финалӣ ӯ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса қувваозмоӣ ва
то сонияҳои охир рақобат кард, лекин бо ҳисоби 1:4 аз варзишгари таҷрибадори фаронсавӣ шикаст хӯрд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Украина дастболо шуда, дар даври баъдӣ муштзани турк Туғрул Эрдемирро мағлуб кард.