9 голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи кувайтиҳо
Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бори дигар исбот намуданд, ки онҳо дар қораи Осиё рақиби арзанда надоранд. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 футболбозони навраси тоҷик дастаи мунтахаби наврасони Шри – Ланкаро бо ҳисоби калони 8:0 шикаст дода буданд. Дар бозии дуюм дастаи мунтахаби наврасони Кувайтро бо ҳисоби хеле калон- 9:0 мағлуб намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар айни ҳол дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон бо касби 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи «А» мебошад. Дар даври чорум-20 сентябр футболбозони навраси тоҷик бо дастаи мунтахаби наврасони Непал рақобат мекунанд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»
Бозиҳои даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0
Бозиҳои даври 2-юм
Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).
Кувайт – Непал – 1:1
Бозиҳои даври 3-юм
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0
Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).
Урдун – Шри Ланка – 7:0
Бозиҳои даври 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – ТОҶИКИСТОН
Бозиҳои даври 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун
Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе