Рубрики Хабарҳо

“Фароз” ва низоъи марзӣ (Видео)

Даст кашидани ширкати “Фароз” аз тиҷорати маводи сӯхт ва низоъ дар марзи Қирғизистонро мешуд тасодуф номид. Агар ин ширкат то ин замон маводи сӯхтро тариқи Қирғизистон ба тарзи қочоқ ворид намекард ва агар ин аксиома вуҷуд намедошт: дар сиёсат ҳеҷ чиз тасодуфӣ нест.

Албатта ин эътироз метавонад дар зеҳни хонанда пайдо шавад, ки худбарҳамдиҳӣ ва фурӯши амволи як ширкат сиёсат не, иқтисод аст. Бале, агар ин ширкат ба домоди раисҷумҳур таъаллуқ надошта ва тамоми амволашро бо пуштибонии мустақими давлат ба даст наоварда бошад. “Фароз” бамаротиб бештар аз иқтисод сиёсат аст. 

Баҳонаи рақобатпазир набудан барои ширкате, ки аҳроми фишори давлатиро дар ихтиёр дорад, агар хандаовар нест, баварнокарданист. Ҳатто дар сурате, ки Шамсулло Соҳибов ба рақиби асосиаш дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон – Газпромнефти Русия наметавонист аз ин аҳроми фишор истифода кунад, ӯ комилан имкони бастани шартномаи пинҳонӣ бо онҳоро дошт. Ва аҳроми фишор ба маҷбур кардани Газпромнест ба бастани ин шартномаро ҳам. Чуноне, ки Сомон Эйр тавонист 4 ширкати русиро маҷбур кунад қимати билети парвоз ба Тоҷикистонро тибқи дархости ин ширкат муайян кунанд.  

Пас тасмими “Фароз” иқтисодӣ неву сиёсист. Аммо чӣ омилҳое сабаб шуданд Соҳибов аз бозори маводи сӯхт “ихтиёран” канор равад?

  1. Сӯистифодаи аз ҳад зиёди қирғизҳо

Қирғизҳо ҳамеша ин ҷинояти Шамсулло Соҳибовро, ки бо тарзи қочоқ аз ин кишвар маводи сӯхт ворид мекард, дар баҳсҳои марзӣ ба нафъи худ истифода мекарданд. Ҳеҷ мақоме дар Тоҷикистон наметавонад ихтиёран кореро анҷом диҳад, ки бар зарари бизнеси домоди раисҷумҳур бошад. Ин буд, ки баробари ба вуҷуд омадани камтарин баҳс, мақомоти Қирғизистон бо Шамсулло Соҳибов тамос мегирифтанд ва ӯ ба дилхоҳ мақомот супориш медод “ба қирғизҳо чаққа нашаванд”. 

Аммо ду-се соли охир қирғизҳо ба қавле “гузаронданд”. Ғасби бепардаи заминҳои Тоҷикистон, бастани роҳ, қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчанд барои Соҳибов дарди саре нест, метавонад ба падарарӯсаш дарди сар эҷод кунад. Ва ин дардисарэҷодкунӣ аллакай шурӯъ шуда буд – эътирози мардум ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба бедодгариҳои қирғизҳо ва хомӯшии мақомоти Тоҷикистон ҳарчӣ баландтар садо медиҳад. 

Ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ду – эътирози мардумӣ ва маҳрумсозии домодаш қочоқи маводи сӯхт якеро интихоб кунад. 

  1. Дахолати Русия ба қочоқи маводи сӯхт тавассути Қирғизистон

Бинобар ҳузури Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маводи сӯхт ба ин кишвар аз Русия бидуни аксиз содирот мешавад. Ин буд, ки Соҳибов маводи сӯхтро аввал ба ин кишвар ворид мекард, сипас бо қочоқ вориди Тоҷикистон менамуд. 

Моҳи апрели соли ҷорӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Хадамоти бехатарии федеролӣ (ФСБ) супориш дод барои пешгирии қочоқи мол тавассути Қирғизистону Қазоқистон чора анешад. Маълум нашуд, ФСБ чӣ иқдомеро дар ин роҳ пиёда сохт, аммо тибқи баъзе иттилооти ғайрирасмӣ, мақомоти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар садри Русия дар гумруки Қирғизистон тафтиш анҷом доданд. 

Имкон дорад дар ин тафтиш қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз ҷониби Соҳибов ҳам кашф шудаву Русия аз он пешгирӣ карда бошад. Ин кор на танҳо “Фароз”-ро маҷбур ба тарки бизнес ва фурӯши амволаш мекунад, балки дасти Тоҷикистон дар баҳс бо Қирғизистонро боз мегардонад. Ин аст, ки дар муноқишаи ахир Тоҷикистон ҷуръат кард бо қирғизҳо вориди хушунат шавад.   

  1. Қурбонии интихоботӣ  

Аз тарафи дигар посухи шоиста ба қирғизҳо ва хотима додан ба бедодгариҳои онҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ метавонад рекламаи хубӣ интихоботӣ бошад. Ҳарчанд домод азиз аст, ҳокимият аз ӯ азизтар аст.  

Дар арафаи интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон чанд мақоми қудратиро қурбонӣ карда буд. Ин дафъа зоҳиран мақоми муносибе барои қурбонӣ пайдо нашуд ва Раҳмон тасмим гирифт бо як тир ду нишон занад – ҳам ба хирагии рӯз то рӯз бештаршавандаи қирғизҳо, ки таҳдид ба ҳукуматаш мекунад хотима диҳад, ҳам ин корро чун тарғиботи хуб дар арафаи интихобот истифода кунад.  

Аммо барои посухи шоиста додан ба қирғизҳо бояд козир аз дасти онҳо гирифта мешуд. 

“Фароз” ба ҷузъ амволи вобаста ба бизнеси сӯзишворӣ, чанд корхонаи дигар, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли бетон ва хиштро низ ба фурӯш гузоштааст. Аммо ин корхонаҳо дар безнес-империяи Соҳибов ҷои чандоне надоранд ва имкони зиёде вуҷуд дорад, ки эълони фурӯши ин корхонаҳо танҳо фиреби назар бошад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *