Рубрики Хабарҳо

Истифодаи оби нушокӣ 20% қиммат шуд

Аз 1 октябри соли равон сар карда нархи истифодаи оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 % боло бурда шуд.

Дар ин бора аз Корхонаи «Обу корези Душанбе» ба расонаи давлатии  «Ховар» иттилоъ додаанд.

Бино ба манбаъ  нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб кардаанд, акнун барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 63 дирам пардохт мекунанд. Қаблан ин нарх барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 53 дирам буд.

Аз ин пас корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирам барои 1 метри мукааби оби нӯшокӣ 5 сомониву 38 дирамӣ пардохт мекунанд.

Инчунин барои нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб накардаанду дар ошёнаҳои аз 1 то 12 зиндагӣ мекунанд, барои истифодаи оби нӯшокӣ 6 сомониву 79 дирам барои як аъзои оила ва аз ошёнаи 12 боло 8 сомониву 51 дирам пардохт хоҳанд кард.

Ҳамчунин аз якуми январи соли 2017 болоравии нархи оби нӯшокӣ барои корхонаҳои буҷавӣ низ дар нақша гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *