Ҳинд таҳияи созишномаи лоҷистикаи муштарак дар соҳаи мудофиаро, ки метавонад дастрасии бемонеаро ба пойгоҳҳои низомӣ ва иншооти такягоҳии Русия ва Ҳинд таъмин намояд, ба анҷом мерасонад.
Тавре Economic Times хабар медиҳад, ғайр аз ин, дар доираи созишномаи эҳтимолӣ мумкин имконияти дар қаламрави ҳамдигар ҷойгиркунии теъдоди муайяни сипоҳ пешбинӣ гардад. Ҳинд, аллакай, чунин созишнома бо Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Франсия ва Австралия дорад ва музокироташ бо Ҷопон аз ин хусус дар арафаи анҷомёбист.
Созишномаи номбурда дар марҳилаи баррасӣ қарор дошта, эҳтимол дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон, ки охири сол дар назар аст, ба тасвиб расад.