Рубрики Хабарҳо

«Баҳористон»ба пахши дарсҳои онлайнӣ шурӯъ кард

Пахши қисми аввали дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ, баҳри омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи хонандагон аз тариқи шабакаҳои «Баҳористон» оғоз гардид.

Ба гуфти Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба мавзӯъ ҳар дарс 15-20 дақиқа идома меёбад ва инчунин вазифаи хонагӣ дода мешавад.

Бино ба маркази матбуоти Вазорат, дар самти банаворгирии дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра аз худ шудани барномаи таълимӣ, инчунин омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ кор бурда мешавад.

дар хабари Вазорат омадааст: “Ҷиҳати иҷрои ин нақша, семинари омӯзишӣ барои 75 нафар омӯзгори фанҳои таълимии табиию риёзӣ ва дақиқ алгебра, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география ташкил ва баргузор гардид”.

Гуфта мешавад, сабти маҷмӯи аввали 120 дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа идома дошта, иқдоми мазкур ҳамчун қадами аввал дар рушди самти дарозмуддат, ки тамоми синфҳои аз 1 то 11-ро фаро мегирад ва дар асоси талаботи барномаҳои таълимӣ таҳия хоҳанд шуд, амалӣ мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон аллакай аз моҳи феврал хонандагон ба таълими онлайнӣ фаро гирифта шуда буданд. 

Ёдрас мекунем, ки аз 27 апрел дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистону коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд: нахуст то 10 май ва сипас то 16 август. Он замон дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки дар сурати ҷорӣ шудани карантин мактабҳои кишвар ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *