Рубрики Хабарҳо

Сарнавишти номаълуми садҳо ҳазор нафар аз мардуми Сурия

Садҳо ҳазор нафар аз мардуми Сурия ба думболи ёфтани сарнахе аз сарнавишти номаълуми наздикони худ ҳастанд. 

Тасвиби қонуни “Сезар” тавассути Амрико, умед тозае барои садҳо ҳазор нафар аз мардуми Сурия ба вуҷуд оварда, ки аз сарнавишт наздикон худ ҳеҷ хабаре надоранд. 

Давлати Амрико қонуни Сезарро дар 17 июни ҷорӣ ба мавриди иҷро гузошт. Тайи танҳо чанд рӯзи гузашта садҳо ҳазор тан аз мардуми Сурия, ки аз сарнавишти наздикони худ беиттилоъ ҳастанд, аз як пойгоҳ интерните, ки тасовири қурбониёни шиканҷа дар зиндонҳои режими Асад дар он мунташир шуда, боздид кардаанд. 

Амоуддин Рошид, узви як бунёди хайрия, ки маркази он дар Франса қарор дорад ва тасовири афроди кушташуда дар зиндонҳои режими Асадро дар пойгоҳи интернитиаш мунташир мекунад, ба хабаргузории “Анатоли”-и Туркия гуфти, ки тайи моҳҳои гузашта наздик ба як миллион корбар аз сайти фавқ боздид кардаанд. 

Рошид афзуда: дар марти 2015 барои нахустин бор теъдоде аксҳоро, ки сиҳати онҳо таъйид шуда буд мунташир кардем. Сиҳати парвандаи аксҳое, ки дар ихтиёр дорем аз сӯи муҳаққиқони байналмллалӣ низ таъйид шудааст. 

Вай гуфт: пас аз интишори матлабе дар бораи қонуни Сезар шоҳиди афзоиши чашмгири боздидҳо аз сайт будем. 

Гуфтанист, фармони шумораи 13894-и риёсатҷумҳурии ИМА дар декабри 2019 таҳти унвон “қонуни Қайсар” (Сезар) ба имзо расид ва бо гузашти 180 рӯз аз таърихи тасвиби он дар 17 июни ҷорӣ иҷрои он аз сӯи вазорат хориҷа Иёлот муттаҳида оғоз шуд. 

Номи Қайсар исми рамзии як тими полис низомӣ буд, ки аксҳои қурбониёни шиканҷа дар зиндонҳои режими Асад дар соли 2014-ро фош кард. Ин тасовир дар ҳамон сол барои нахустин бор аз сӯи хабаргузории Анотоли мунташир шуд ва ба унвони шавоҳиди ҷиноёти ҷангии режими Асад бозтоби густурдае дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *