Садамаи нақлиётӣ бо ширкати як афсари қӯшунҳои марзбонӣ, ки ба мусофиркаши «Тангем” бархӯрда, дар натиҷа ду кушта ва се маҷрӯҳ боқӣ гузошт, боиси эътирози мардум дар Хоруғ гашт.
Тибқи иттилоъи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди садама мардум ду афсарро, ки дар мошини Toyota RAV-4 ба мусофирбар бархӯрданд, боздошт намуда ба диспансер барои ташхис бурдаанд. Ташхис маълум кардааст, ки ин ду маст ҳастанд.
Гуфтанист, шаби 1 декабр бар асари бархӯрди мошини афсари ҳарбӣ ба мусофирбари Тангем ду зан кушта ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешавад яке аз кушташудаҳо донишҷӯ буда, дуввумӣ ҳомила будааст. Бар асари ин бархӯрд ин ду зан ба наҳр парида, онҷо ғарқ шудаанд.
Ронандаи Toyota RAV-4, ки дар қушӯнҳои марзбонии мустақар дар Хоруғ хизмат мекард, боздошт шудааст. То ҳол шарҳи расмии ҳодиса аз тарафи ҳеҷ ниҳоди давлатие садо надодааст.
Дар паи ин ҳодиса даҳҳо нафар сокини Хоруғ бо нишони эътироз ба кӯча баромада, за мақомот талаб кардаанд гунаҳгоронро ҷазо диҳанд. Ин сокинон ҳамчунин аз бедодгариҳои ҳарбиён дар ин шаҳр шикоят мекунанд.
Авария в Хороге. Самосуд над виновником ДТП. (Осторожно+18)
Posted by on Sunday, December 2, 2018
Бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он нерӯҳои ҳарбӣ, Вазорати дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои “ҷорӣ кардани тартибот” мустақар шудаанд.
Қаблан тирпарронии сардори ОМОН Хуршед Муҳаммадзода ба тарафи сокинони осоишта ва таҳдиди таҷовузи ҷинсии як зан аз тараиф ӯ боиси ба кӯчаҳо рехтани садҳо нафар дар Хоруғ шуда буд.