11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вокуниши Эрон ба баёнияи се кишвари аврупоӣ дар бораи ҳамла ба Aramco

Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи сешанбе 24 сентябр бо интишори як пости твиттерӣ нисбат ба баёнияи се кишвари аврупоӣ дар барои ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон   эъломи мавзӯъ кард.

Се кишвари аврупоӣ – Бритониё, Фаронса ва Олмон бо интишори баёния аз нақши масъулияти Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамалоти рӯзи шанбе 14-уми сентябр ба таъсисоти нафтии Aramco дар Арабистон сухан гуфта буданд. 

Дар баёнияи се кишвари аврупоӣ ки ба имзои Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, Борис Ҷонсон, нахуствазри Бритониё ва Эмануил Макрон, раисҷумҳури Фаронса расондааст, Ҷумҳури Исломии Эрон масуъли ҳамла ба полоишгоҳи Бақиқ ва майдони нафтии Харис муъаррифӣ шудааст.

Вокуниши тунди Зариф 

Муҳаммадҷавод Зариф аз нокомии кишварҳои аврупоӣ дар анҷоми таъаҳудоти БарҶОМ сухан гуфтааст. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба интишори як пости твиттерӣ эълом кардааст ки Аврупо пас аз хуруҷи Амрико аз  тавофуқи ҳастаӣ дар иҷрои таъҳҳудоти худ номуваффақ будааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *