Аз ин пас дар Тоҷикистон расман як нафар бар асоси видео ва ё иттилое, ки дар Интернет нашр шудааст, метавонад ҷавобгарии ҷиноӣ кашид шуда ва ҷазо бигирад. Санад наве дар ин бора ҳукми иҷро гирифт ва акнун ниҳодҳои тафтишотӣ иҷоза доранд шаҳрвандонро дар асоси маводи интернетӣ ба ҷавобгарӣ бикашанд. Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд ин амр кайҳо дар Тоҷикистон роҳ ёфта буд.
Дар Кодекси ислоҳшудаи мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон, ки Маҷлиси миллӣ рӯзи 16-уми декабри соли 2022 қабул кард, омадааст: «Дар моддаи 144, ки аз ин пеш фақат иттилоъ дар расонаҳо, аз ҷумла нашрияву телевизиону радиоро барои боз кардани парванда сабабу асос медонист, калимаи интернет ҳам изофа карда шавад.»
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳангоми қабули ин қарор гуфтанд, мақсад аз ислоҳ «мутобиқ кардани Кодекс ба талаботи қонунҳои дигари Тоҷикистон аст» ва «пешбурди саривақтии тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ».
Коршиносон мегӯянд бидуни расмӣ шудан ҳам ин амр дар Тоҷикистон солҳост роҳ афтодааст ва садҳо нафар на танҳо барои маълумоту навор, балки барои як лайк ҳам ба солҳо зиндон маҳкум шудаанд.