Абдуллоҳи Шамсиддин, муҳоҷири истидодшудаи тоҷик аз Олмон, ки шоми 18 январ ба Тоҷикистон расид, то ҳол бедарак аст. Хонаводаи ӯ дар Олмон хобу хӯр гум кардаанд ва намедонанд бо чи роҳ хабаре аз вай ба даст оранд.
Шоми 18 январ ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Туркиш Эйрлайнз, ки Абдуллоҳ дар он қарор дошт, ба Душанбе нишаст. Ҳамаи мусофирон аз он хориҷ шуданд, ба ҷуз Абдуллоҳ. Наздиконаш мегӯянд эҳтимолан ӯро аз ҳавопаймо бо мошини махсуси мақомоти амниятӣ ё интизомӣ ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон, бахусус фаъолони сиёсӣ ё наздикони онҳо бераҳмона шиканҷа мешаванд ва хонаводаи Абдуллоҳи Шамсиддин ҳам аз ин амр бо шиддат нигаронанд. Кӯшишиҳои онҳо барои тамос бо мақомоти Тоҷикистон барои рӯшан кардани тақдири Абдуллоҳ то ҳол натиҷае надодааст.
Падараш Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсӣ ва узви аршади ҲНИТ дар гуфтугӯ бо “Паём”, дар ҳоле, ки дар садояш хастагӣ ва нороҳатии шадид эҳсос мешуд, гуфт ҳамсару фарзандони Абдуллоҳ сахт шокӣ шудаву стресс гирифтаанд ва хобу хӯр гум кардаанд. Ӯ гуфт тамоми кӯшишҳояш барои дарёфти камтарин иттилоъе дар бораи фарзандаш бенатиҷа будааст.
Шамсиддини Саид изҳор дошт, мехоҳад аз мақомоти Олмон барои дарёфти иттилоъ дар бораи писараш дархости кӯмак кунад ва ҳоло дар роҳ ба сӯи идораи пулис аст.
Ҳамсару се фарзанди Абдуллоҳи Шамсиддин дар Олмон зиндагӣ мекунанд ва ҳоло бо аз даст додани сардори хонавода ба гуфтаи падари Абдуллоҳ зиндагиашон “ба ҷаҳаннам табдил шудааст”.
Абдуллоҳи Шамсиддин ҳеҷ ҷинояте дар Олмон содир накарда ва ягона “гуноҳ”-аш вуҷуди кадом кӯтоҳие дар асноди иқоммаш дар ин кишвар будааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Олмон бо вуҷуди огоҳиҳои зиёди созмонҳои ҳуқуқибашарӣ мабнӣ бар ин ки Абдуллоҳ дар Тоҷикистон ба шиканҷа бинобар фаъолиятҳои сиёсии падараш ва ҳатто шояд ҳукми тӯлонии зиндон мувоҷеҳ шавад, ӯро истирдод карданд.
Дар Тоҷикистон дар хонаводаи фаъолони сиёсӣ ва мухолифин ҳамеша зери таъқибу фишор қарор доранд ва садҳо нафар аз онҳо танҳо ба хотири фаъолияти сиёсии яке аз наздиконашон бо иттиҳомоти сохта таъқиб, шиканҷа ва зиндон ва ҳатто кушта шудаанд.
Абдуллоҳи Шамсиддин, ки миёнаи моҳи гузашта аз тарафи пулиси Олмон боздошт шуда буд, рӯзи 18 январ бо ҳавопаймои Туркиш Эйрлайнз аз Дюсселдорф ба Истамбул ва аз онҷо ба Душанбе фиристода шуд. Кӯшиши падарашу дӯстони хонавода барои наҷоти ӯ дар Истамбул ҳам натиҷа надод. Вакилони дифоъи турк натавонистанд ӯро аз пулиси Олмон, ҳамроҳиаш мекарданд, таҳвил гиранд.