Идораи сомонаи “Ахбор” эълон кардааст барои як ҳафта танаффус мегирад ва дар ин муддат танҳо аз хабарҳое, ки бисёр муҳиманд, пайгирӣ хоҳад кард.
“Аз ҷониби худ ваъда медиҳем, ки ҳафтае баъд бо нирӯву фикрҳои тоза ва бо қуввати дучандон, Худо хоста бошад, хидмати хонандагони азизамон бар хоҳем гашт. Мутмаинем, ки хонандагони содиқи “Ахбор” бо “Ахбор” хоҳанд монд” омадааст дар хабари сойт.
Сомонаи “Ахбор” аз ҷониби рӯзномаи шинохта ва тавоно Мирзо Салимпур се сол қабл таъсис шуда буд ва дар муддати кӯтоҳ ба яке аз серхонандатарин расонаҳои тоҷикӣ табдил шуд.
Ҳисобкунаки сойт нишон медиҳад, то замони нашри ин хабар аз сойти “Ахбор” 17 миллиону 571 ҳазору 41 нафар дидан карданд.