Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон мубталоии 130 кӯдак ба вируси норасоии масъунияти бадан ё ВИЧ ошкор шудааст, ки то ин вақт аз ташхис нагузашта ва ин “сиррашон” пинҳон мондааст.
Бархе аз ин наврасон аз модарони худ олуда шудаанд ва дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки аз роҳи номаълум ба ин вирус сироят ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, ки кашфи гирифтории кӯдакони то 14-сола ба ин вирус дар муқоиса ба як соли пеш бештар аст.
Бар асоси омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як соли гузашта 130 кӯдак аз роҳҳои гуногун гирифтори ин вирус шудаанд. Бар омори додаи мақомот “онҳо 82 писар ва 48 нафар духтар ҳастанд, ки бори аввал ташхис ва бо ин вирус сабт карда шуданд”.
Ошкор шудани беш аз сад кӯдак бо бемории норасоии масунияти бадан дар ҳолест, ки ба гуфтаи табибон, агар зани ҳомила сари вақт ба табобат фаро гирифта шавад, хатари сироятёбии тифли бадани ӯ аз 40 то ба 2 дарсад кам мешавад. Аммо ҷои нигаронии мақомот ин аст, ки бархе кӯдакон падару модари солим доранд ва аз “роҳи номаълум” ба ин вирус сироят ёфтаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон бар асоси қонун “Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти бадан” ташхису табобат, машварату доруву дармон барои ин кӯдакон ройгон аст. Ба онҳо ҳар моҳ барои табобат ҳудуди 400 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.