Рубрики Хабарҳо

Кашфиёти нави КДАМ: мусоҳиба барои хориҷиҳо

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳади ақал дар ду ноҳияи вилояти Суғд аз собиқ аъзои ҲНИТ “мусоҳиба барои хориҷиҳо” гирифтаанд. Аз “мусоҳибон” талаб шудааст дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро гунаҳкор хонанд.

Манобеъи Паём аз ноҳияҳои Исфараву Зафарободи вилояти Суғд хабар доданд, ки дар ин ду ноҳия собиқ аъзои ҲНИТ ба идораи КДАМ бурда шуда, аз онҳо талаб шудааст дар бораи ҳодисаи зиндони Ваҳдат назди дурбини наворбардорӣ “мусоҳиба” диҳанд. “Мусоҳибон” муваззаф гардидаанд дар фоҷеъаи зиндони Ваҳдат ҲНИТ-ро гунаҳкор номанд.

Як корманди КДАМ гуфтааст бояд мусоҳиба то ҳади имкон самимӣ барояд, чун барои хориҷиҳо сабт мешавад. “Мусоҳибаҳо” ҳафтаи гузашта сабт шудаанд ва то ҳол дар ҳеҷ расонаи ё шабакае нашр нагардидаанд. Маълум нест, “хориҷиҳо”-и дар назардоштаи масъули КДАМ кистанд.

Дар фоҷеъаи зиндони ноҳияи Ваҳдат, ки мақомот онро ошӯб номиданд, тибқи маълумоти расмӣ 32 нафар — 3 зиндонбон ва 29 зиндонӣ кушта шудаанд. Мақомот билофосила эълон карданд ошӯбро пайравони ДОИШ роҳандозӣ кардаанд.

Худи ДОИШ ҳодисаро баъди 25 рӯзи он ба дӯш гирифт ва эълон кард исёнро “муҷоҳидини хилофат” барпо кардаанд. Фарзияи эълонкардаи ДОИШ комилан шабеҳи фарзияи ҳукумат буд ва ду рӯз қабл аз нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Душанбе садо дод.

Маълум нест, бо вуҷуди инки худашон ДОИШ-ро масъули исён номиданд ва ин созмон ҳам, ҳарчанд хеле дер, онро ба дӯш гирифт, чаро мақомот ҲНИТ-ро гунаҳкор кардан мехоҳанд. Шояд сабаб зери шубҳа бурдани фарзияи ҳукумат аз тарафи мухолифин бошад.

Паймони миллии Тоҷикистон, аз ҷумла ҲНИТ расман эълон карданд ба фарзияи ҳукумат бовар надоранд ва бояд таҳқиқоти мустақил анҷом шавад. Талабе, ки мақомот то ҳол ба он посух надодаанд.

Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ Абдусаттор Бобоев дар мусоҳибааш бо Паём гуфт “мо маълумоти дақиқе дар даст дорем, ки қабл аз ошӯб як гурӯҳ кормандони гурӯҳи “АЛФА”-и Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон бо либоси зиндониён ва сарҳои тарошида дар зиндони Ваҳдат гаштугузор мекарданд”.

Зоҳиран ба ВАО роҳ ёфтани ин гуна маълумот мақомотро саросема кардааст ва мехоҳанд бо ҳар роҳе онро ҷуброн кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *