Дар шаҳри Улан Удэи Русия, ки феълан Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс ҷараён дорад, Тоҷикистонро 4 варзишгар бо роҳбарии Мавзуна Чориева намояндагӣ мекунанд
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс аз 3 то 13 октябри соли равон дар шаҳри Улан Удэи Россия давом меёбад.
Тавре сомонаи Варзиш хабар медиҳад, дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгари 75 кишвар ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг ва Идимоҳ Холова дар вазни 69кило намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд. Муҳорибаҳои варзишгарони тоҷик аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад.