Рубрики Хабарҳо

«Дар як сол як бор журналистони тоҷик гӯё ҳамраъй мешаванд»

Чанд рӯзноманигори тоҷик паси панҷараҳои зиндон қарор доранд ва ҷомеъаи рӯзноманигорӣ дар бораи онҳо камтар ёд мекунад. То ҳанӯз ҳеҷ пешниҳод ва гоми муштараке аз тарафи рӯзноманигорон барои кӯмак ба онҳо гирифта нашудааст.

Даҳҳо рӯзноманигори дигар аз кишвар фирор кардаанд, то аз таъқибу зиндон наҷот ёбанд. Вале онҳое, ки дар кишвар мондаанд, рӯзи озодии баёнро ҷашн мегиранд.

Паём барои ёфтани посух ба ин таззодҳо ба рӯзноманигорон муроҷиат кард.

Мавҷуда Соҳибназарова: “Чаро бояд ёд кунем, кӣ онҳоро гуфт, ки ба сиёсат ҳамроҳ шаванд — ин аст ҷавоби аксар журналистони тоҷик — тинҷ гарданд, намешуд?”

Вақте имрӯз редаксия ба хабарнигор супориш медиҳад, ки рав дар фалон тарабхона «ош хӯр» ва тавре ош хӯр, ки ягон камбудӣ дар он ҷо пайдо намоӣ, то соҳиби ин тарабхонаро ба чанги худ дарорем, ё  ин ки раиси мардумиву вазирӣ мардумӣ нафареро интихоб мекунанд, ки ба сармуҳаррири нашрия хизмате кардааст. Хуб, агар Иззатуллоҳ Шарифов нашрияеро дастгирӣ кунад, магар ун нашрия ва хабарнигоронаш дар бораи ҳампешаи зиндонии худ фикр мекунад? Албатта не.

Баъди оне ки чандин нашрияҳо дар Тоҷикистон баста шуданд, чандин хабарнигорон фирорӣ шуданд ва чандин нафари дигар паси панҷара рафтанд, чаро бояд мо «озодии баён»-ро дар Тоҷикистон ҷашн гирем? Куҷост, он озодии баён? Агар мебуд, дар вақти бастани нашрияе, нашрияи дигаре фаъолияти худро қатъ месохт. Агар мебуд, дар вақти қулф задан ба дари як нашрия аз тарафи задамоти оташнишонӣ, Кумитаи андоз ё сохтори дигар, нашрияи дигар дар ҳамраъйии ба он дари худро худаш қулф мезад. Афсӯс, ки дар Тоҷикистон ҳама чиз сохтакорӣ аст.

Рӯзи 11 мартро нашрияҳои давлатӣ барои худашон ид интихоб кардаанд, рӯзи 3 майро аслан ВАО и мустақил. Дар рӯзи 11 март дар театре ҷамъ меоянду «нақш» мебозанд, рӯзи 3 май ягон созмони хориҷие дар як сол як бор шиками журналистонро сер мекунад. Дар як сол як бор журналистони тоҷик гӯё ҳамраъй мешаванд. Меоянд, мегӯянд ва мераванд. Нақша мекашанд, аммо дар ин нақша дар бораи ҳамкасбони журналисташон ҷой нест. Махсусан барои он ҳамкасбоне, ки ба сиёсат даст задаанд. Вақте ки ҳукумат сиёсат аст ва журналистикаро ҳукумати чорум унвон мекунанд, чаро аксари журналистон ҳамкасбони худро таънаву маломат мекунанд, ки “тинҷ мегашт намешуд”. Ин суханро аз дасти нафари ноогоҳ аз журналистика шунавӣ,  дардат намекунад, аммо вақте ки ҳамкасби худат инро мегӯяд…

Ёд накардани журналистони зиндониро низ сабаб ин аст. Агар журналистони тоҷик ҳамраъй мебуданд, дар ин рӯз  аз зиёфат дар тарабхона даст мекашиданд ва бо нишони ҳамраъӣ ин маблағро ба ҳамкасби зиндонии худ мефиристонданд. Ин ҳам як намуди ҳамраъй будан аст. Аслан, ҳукумат ҷойи нозуки журналистони тоҷикро медонад, медонад, ки аксарашон фӯрухта мешаванд ва медонад, ки агар як нафари онҳоро ноҳақ ҳам зиндон кунанд, иқдоме барои озодияш намекунанд.

Созмонҳои журналистӣ бо навиштани ду се лоиҳа вазифаи худро иҷро шуда мепиндоранд, ҳол он ки аз маблағи ба даст омада чанд моҳи дигар фаъолият мекунанд. Пас, ташаккур ба ун зиндонӣ гӯянд, ки ӯ паси панҷара ҳасту инҳо аз ин ҳисоб фаъолият доранд. Ба конфронсҳои гуногун даъват мешаванд ва ғайраву ҳоказо….

Темур Варқӣ: Журналист ва журналистикаи озод дар кишварҳои демократӣ — нозири сахтгир ва кафили иҷроиши қонунҳо, кафили рушди ҷамъиятӣ ва иҷтисодии кишвар, ҳифзи иммунитети зидди фасод аст. Онҳо муборизони сафи авваланд. Аммо дар диктотураҳои фасодзада журналистон ҳадаф ва қурбонии аввалини мошини саркӯбгарӣ мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир “Фронти халқӣ” ба куштори ҳадафноки журналистон машғул буд. Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, аз ҷониби тарафдорони ҳукумат ҳудуди 100 журналист кушта шуд. Аввалин қурбонӣ журналист ва вакили мардумӣ Муродулло Шералиев буд, ки дар ким куҷое на, дар бинои Шӯрои Олӣ, ки аз тарафи тарафдорони ҳукумати имрӯза ғасб шуда буд, кушта шуд. Қотилон то ҳол номбар нашудаанд. Дар 26 сол низом ин парвандаро то суд расонида натавонист. Ҷамъият аз ин огоҳи дорад. Даҳҳо журналист замони ҷанг маҷбур буданд дар хориҷ аз кишвар наҷот ҷӯянд. Онҳо сутуни дафтари тоҷикӣ ва форсии радиои Озодӣ ва қисман БиБиСи буданд.

Хандаовар аст, вақте тарғибгарони ҳукумат мухолифин ва ҳатто Иронро дар таъқиби ва куштори густурдаи журналистони тоҷик айбдор мекунанд. Баъди расидан ба қудрат ҳам ин низом ба куштор ва таъқиби журналистон идома дод ва то ҳол идома медиҳад. Ду-се соли охир мавҷи нави журналистони тоҷик аз мухолифин фирор накардаанд. Газетаву сайтҳоро мухолифин набастаанд. Журналистонро мухолифин зиндон накардаанд. Саркӯби густурда аз тарафи ҳукумат ва манъи озодии сухан бо таҳдиди маргу зиндон — латтае ба даҳони журналистикаи тоҷик аст. Мана барои ҳамин матбуоти тоҷик дар бораи ҳамкоронаш, ки ба хотири истифода аз ҳақи конститутсионии худ ба озодии сухану андеша паси панҷара рафтаанд, хомӯш аст.

Ҳумайро БахтиёрБа назари шумо камтар, аммо, ба мушоҳидаи ман аз ҳамкорони зиндониамон умуман ёд намекунем. Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ сарфи назаранд. Зеро, дар шабакаи иҷтимоӣ бештар мавқеьи шахсӣ баён мешавад, ки ба ҳамкорони зиндонии мо ҳеҷ таьсире надорад. Ҷомеаи хабарнигории мо ба як «беморӣ» гирифтор шудааст. Ҳама бадиву некӣ дар ҳамон аввал бо ангеза гуфта мешавад. Баъдаш, ончунон фаромӯш мекунем, ки ингор тараф вуҷуд надошт ва ё умуман хабарнигор набуд.
Оид ба зиндони шудани хабарнигорон то имрӯз, расман ду ишора шудааст. Соли 2015 ва баъд соли 2018. Аммо бо садои чунон «паст». Касе нашунид, ки чи гуфта шуд…
Бубинед, фазои хабарнигории мо дар ҳолати хеле бад карор дорад. Аз зиндониву аз даст додани озодии баён онҳое, ки мегӯянд, кор намекунанд ва ҳамин хел ба «зоғи сафед» мубаддал гаштаанд. Онҳое, ки кор мекунанд, чизе намегӯянд, зеро шароити «муносиб»-еро интизоранд. Ва онҳое, ки дар дохил ҳастанд, ҷасорату хоҳиш доранд, аммо қалами онҳоро макомот бастааст. Зеро, ҳимояи онҳо аз ҳамкасбон, пуштибонӣ аз «терроризм ва фасодкор» арзёбӣ хоҳад шуд.

Мо ҳади ақал метавонем худамон сарҷамъона вакиле кироя кунем ва ё бахше аз ниёзмандӣ — дорувориҳои хамкасбони зиндониро харидорӣ бикунем. Барои ин нафаре лозим аст, ки дар Точикистон бошад. Хеле мутаасифам, ки ҷомеаи хабарнигории мо давоми ин ҳама соли «қаҳрамонӣ» натавонист ҳатто як бунёди худиро ба роҳ монад, то каму беш мушкили молии ҳамкасбонеро, ки моҳона намегиранд ва ё зиндонианд, бартараф кунад.
Мо ҳамкасбони зиндониро хеле роҳат канор гузоштаем. Корҳои бузург бо ҳамин гомҳои хурди иҷтимоӣ шурӯъ мешаванд. Мо муттаҳид нестем. Барои муттаҳид шудан нахуст бояд вожаву шинохтҳои хабарнигорӣ ҳизбӣ, тимӣ, худӣ, бегона аз зеҳнҳо бароварда шавад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *