Рубрики Хабарҳо

Ширкатҳои ҳавопаймоии Амрико ва Аврупо парвозҳо ба Украинаро лағв кардаанд

РИА Новости интишор кардааст, ки тибқи лавҳи онлайнии (табло)  фурудгоҳҳои Киев ва Одесса,  парвозҳои Delta Airlines ва KLM ба фурудгоҳи Борисполи Киев, парвозҳои Ryanair аз Киев ба Познань ва аз Одесса ба Варшава лағв шудаанд.

Ширкати ҳавопаймоии олмонии Lufthansa то ҳол имкони қатъи парвозҳо бо Украинаро баррасӣ мекунад. 

Ҳавопаймои SkyUp Airlines, ки  аз Португалия ба Киев парвоз дошт,  изтирорӣ дар Кишинёв фуруд омад.

Ширкати  KLM парвозҳо ба Украинаро ҳанӯз аз 12 феврал қатъ карда буд. Илова бар ин, ҳавопаймоҳои ширкат умуман ба ҳарими ҳавоии Украина ворид намешаванд. Ҳавопаймоҳои иҷораи ширкатҳои ҳавопаймоии Украина низ бо дархости иҷорадеҳ маҷбуранд дар шаҳрҳои дигар фуруд оянд. Ширкатҳои суғурта аллакай муштариёни худро огоҳ кардаанд, ки ҳодисаҳое, ки дар қаламрави Украина рух дода метавонанд, ҳамчун ҳодисаи суғурта эътироф карда намешаванд.

Парвозҳои дигар ба таври маъмулӣ идома доранд, аммо гузоришҳое вуҷуд доранд, ки ҳарими ҳавоии Украина имрӯз  душанбе 14-уми феврал баста мешавад. Ва ин сабаби асосии рад кардани парвози ҳавопаймоҳост.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *