Бо гирифтани таҳсили бисёр хуб дар Амрико ба дар даст доштани назорати пули кишвар, Ҷамолиддин Нуралиев метавонист на танҳо номзади рақами аввал барои ҷойнишинии хусураш бошад, балки пуштибонии мардумро ҳам ба даст орад. Вале ӯ ин имконоташро аз даст дод ва ба як қаллоби дигар дар оила мубаддал шуд.
Нуралиев манобеъи бузурги молӣ дар кишварро назорат мекунад. Замоне ки ҷонишини вазири молия буд, тамоми кӯмакҳои хориҷӣ ва қарзу грантҳо аз дасти ӯ мегузашт. Чӣ қадар аз он кӯмаку қарзҳоро ӯ ба худаш ихтисос додааст. маълум нест, аммо ин ки ӯ пеш аз истифодаи ин қарзу кӯмакҳо дар мавқеъашон аввал онҳоро аз 3 то 6 моҳ гардиш медод, воқеъият аст. Танҳо аз гардиш додани қарзи 35 миллиондоллараи БОР, Нуралиев наздик ба се миллион доллар фоида ба даст овардааст. Чунин истифодаҳо аз маблағҳои қарзӣ ва кӯмакҳои башардӯстона дар Вазорати молия як амри табиист ва бузургтарин даромадро ҳам аз онҳо Ҷамолиддин Нуралиев гирифтааст. Ин даромадҳои ӯ пойдевори асосии “Спитаменбонк” гаштаанд.
Замони фаъолияташ дар ин вазорат ӯ тавонист робитаи хуб бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки байналмиллалии тавсеъа ва рушд, Агентии кафолати сармоягузории бисёрҷониба, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва дигар бонкҳои кӯмакрасони Тоҷикистон ба роҳ монд. Ҳамчунин ӯ равобити танготанге бо мақомдорони баландпояи вазоратҳои қудратӣ барқарор кард.
Ҳоло ӯ ноиби раиси Бонки миллӣ аст, аммо ғайрирасмӣ онро идора мекунад. Расман бошад, ӯ муҳимтарин соҳаҳои Бонки Миллиро назорат менамояд: Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Идораи суботи молиявӣ ва Идораи муносибатҳои байналмилалӣ.
Идеяи бастани нуқтаҳои ивази асъор ва пардохти асъори интиқолшуда аз хориҷ бо пули миллӣ низ ба ӯ таъаллуқ дорад. Манбаъи асосии молии ӯ Спитаменбонк аст, ки дар ду соли охир. яъне баъди ба бӯҳрон гирифтор шудани бузургтарин бонкҳои кишвар. бо суръат рушд мекунад ва ба пешрафтатарин бонки кишвар табдил мешавад. Ин бонк соли 2008 ба ҳайси як ташкилоти қарзии хурд таъсис ёфта, ба воситаи пулҳое, ки Нуралиев аз Вазорати молия мегирифту дар он барои гардиш мегузошт сармояи оинномавии худро ба маротиб бештар гардонд ва соли 2014 ба бонк табдил шуд.
Ҷамолиддин Нуралиев назорати пулҳои НБО “Роғун”-ро ҳам ба даст гирифтааст. Яке аз сабабҳои аз бозори бонкӣ берун кардани “Агроинветсбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, тибқи назари баъзе коршиносон пулҳои мутааллиқ ба “Роғун” буданд, ки дар ин бонкҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Ҳоло Нуралиев 300 миллион доллар пули бузургтарин сохтмони Тоҷикитсонро ба даст овардааст.
Нуралиев ва касоди бахши бонкӣ
Дар оғози соли 2015 бинобар бӯҳрони иқтисодӣ атрофи бонкҳои системташкилдиҳандаи кишвар шӯру валвала бархост. Амонатгузорон аз тарси сӯхтани пулҳояшон ба бонкҳо рехтанд, то пасандозҳояшонро баргардонанд. Тибқи қоидаи бонкӣ агар гурӯҳи бузурги амонатгузорон якбора пулҳояшонро талаб кунанд, бонк муфлис мешавад.
То ҳанӯз ин суол бе посух аст, ки шӯру валвала табиӣ бархоста буд ё аз тарафи онҳое ташкил шуда буд, ки мехостанд худашон ҳарфи аввалро дар соҳаи бонкӣ бизананд.
Соли 2016 зимни паёми навбатиаш раисҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод аз ҳуқуқи амонатгузорони бонкҳо ҳимоя хоҳад кард. “Ба аманатгузорон расонед, ки хавотир нашаванд. То охирин дирамашон баргардонида мешавад” — гуфт ӯ дар паёмаш, ки дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш мешуд.
Он замон Вазорати молия ва Бонки миллӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ пул нашр карданд. Ва ин боис шуд қурби сомонӣ дар оғози соли 2017 аз 7.87 сомонӣ барои як доллар ба 8.87 сомонӣ поён равад.
Ин иқдоми ҳукумат ба бонкҳо чӣ гуна таъсир расонд?
Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк, ки субъектҳои асосии барномаи ҳукумат оид ба наҷоти бонкҳо буданд, ба ивази ин пулҳо ба Вазорати молия саҳмияҳои худро доданд.
Инчунин Вазорати молия ба бонкҳо бо фоизи 3 дарсадӣ қарз дод. Онҳо бояд ин қарзҳоро давоми 5 сол баргардонанд.
Ҷуз саҳмияҳо Вазорати молия аз бонкҳо ба ҳайси гарав иншооти мутааллиқ ба раҳбарони ин бонкҳоро гирифтааст. Барои мисол, Тоҷиддин Пирзода дар мусоҳибааш бо Азия плюс гуфтааст, ки меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва “Душанбе Молл”-ро чун гарав гузоштааст. Дар ҳоле, ки ин иншоот на ба “Тоҷиксодиротбонк”, балки ба худи Пирзода таъаллуқ доранд.
Тоҷиддин Пирзода
Баргардем ба пулҳо. Ин пулҳо аллакай пурра масраф шудаанд, вале амонатгузорон маблағҳои худро надиданд. Сабаб ин аст, ки ин миллиардҳо барои баргардонидани қарзҳои кӯҳнаи Вазорати молия ва Бонки миллӣ масраф шуданд.
Минбаъд ҳар сармояе ҳам, ки барои наҷоти бонкҳо ворид мешавад на барои баргардонидани пулҳои амонатгузорон, балки барои пардохти қарзи Вазорати молия ва Бонки миллӣ масраф мешаванд, то саҳмияҳои бонкҳо баргардонида шаванд.
Яъне бо “шарофат”-и идеяи Ҷамолиддин Нуралиев бонкҳо ҷои наҷот ёфтан ба қарзи бештаре ғӯтиданд.
Ин ба кӣ манфиъат меорад?
Аз соли 2016 Ситаменбонки Ҷамолиддин Нуралиев, Коммерсбонк, ки моли шамсулло Сохибов аст, Соҳибкорбонк, ки раҳбари наваш Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода таъин шуд, ба по хестанд.
Ин се бонк, бахусус Спитаменбонк, ки интиқоли маблағ ба хориҷро тақрибан монополия кардааст рӯ ба рушданд. Қаблан интиқоли маблағ ба хориҷ ва маблағҳои бузурги давлатӣ асосан дар ихтиёри Ориёнбонки Ҳасан Асадуллозода буданд, аммо Нуралиев кам-кам ҷои Асадуллозодаро дар бозори пул танг мекунад.
Вале кор бо Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк тамом намешавад. Коршиносон тахмин мезананд, ки чун гарав гирифта шудани амволи шахсии Тоҷиддин Пирзода ва Муродалӣ Алимардон оғози ғасби моликияти эшон аст. Яъне ба зудӣ бинобар пардохт крада натавонистани қарзи давлат ва ё затто амонатгузорон, амволи ба гаравгузоштаи Пирзода ва Алимардон ба ихтиёрӣ давлат (хонда шавад Оила) мегузарад.
Муродалӣ Алимардон
Нуралиев ва қарзи давлатӣ
Аз паи хусураш Ҷамолиддин Нуралиев ба гадои дуввуми сатҳи давлатӣ мубаддал шудааст. Ӯ бо созмонҳои молиявии байналмиллалӣ, донорҳо, намояндагони кишварҳо вохӯрӣ анҷом медиҳад, то барои сохтмони НБО “Роғун” ва пур кардани буҷа, ки як цисмати бузургаш аз кӯмаки институтҳои байналмиллаии молиявӣ вобаста аст, маблағ рӯёнад
Соли гузашта барои сохтмони НБО “Роғун” Нуралиев 500 миллион доллар аз фурӯши қоғазҳои қиматноки аврупоӣ 9еврооблигации) ҷалб кард. Ин бо 7,1 фоизи солона барои 10 сол гирифта шудааст. Фоизи солонаи ин қарз 35,5 миллион ва умумиаш 350 миллионро ташкил медиҳад. Яъне баъди даҳ сол Тоҷикистон бояд 850 миллион доллар баргардонад.
Вале бо дарназардошти ин, ки дар маблағҳои ҷалбшуда ба сохтмони “Роғун” шаффофият вуҷуд надорад ва касе дар бораи он ҳисобот намедиҳад, ин шубҳа вуҷуд дорад, ки қисме аз ин маблағҳо барои пур кардани шикофи буҷа ва ё ҳатто ба офшорҳо равад. Барои мисол то ҳанӯз тақдири 180 миллион доллари мардум, ки соли 2011 бо зӯр ҷамъ карда шуда буд, норӯшан боқӣ мемонад.
Ҳоло Нуралиев аз парлумон иҷозаи фурӯши қоғазҳои қимматнокро ба маблағи 500 миллион доллари дигар дар даст дорад.
Ҳамчунин ӯ бо Бунёди байналмиллалии асъор (МВФ) ва дигар институтҳои байналмиллалии молиявӣ барои кӯмак ба буҷаи кишвар гуфтугӯ анҷом медиҳад.
Назорати “раги хунгарди кишвар”
Ширкати “бритониёи”-и Innovative Road Solutions Ltd (IRS) ҳам. ки назорати роҳи автомобилгарди Душанбе Чанокро дар ихтиёр дорад. ба Ҷамолиддин Нуралиев таъаллуқ дорад. Ҳарчанд худи ӯ инро боре ҳам иқрор накардааст, вале далелҳои зиёде ба он ишора мекунанд. ки ин ширкат моли ӯ ва ҳамсараш Озода Раҳмон аст.
Ин ягона роҳе аст, ки маркази Тоҷикистонро бо рушдкардадатин минтақаи он — шимоли кишвар мепайвандад ва онро раги хунгарди кишвар меноманд. Нуралиев ин роҳро на танҳо пулакӣ кардааст, балки қимати убур аз ин роҳ яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон аст. Солона ин шоҳроҳ ба Озодаву Ҷамолиддин беш аз 100 миллион доллар даромад меорад.
IRS аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод аст. Ягон маълумоте дар бораи даромаду хароҷоти ин кишвар ва чӣ қадари ин маблағҳоро ба таъмири роҳ сарф кардани он вуҷуд надорад. Аз вазъе, ки ин роҳ қарор дорад, мешавад тахмин зад. ки масраф 2 дасрсади даромад ҳам нест.
Дар ҳамин ҳол, таъмири капиталии қисмати 45 километрии ин роҳ, ки бояд имсол анҷом мешуд. ба таъхир гузошта шудааст. Сабабашро IRS “халал ворид накардан дар кашонидани ангишт ба марказҳои гармидиҳии Душанбе” номидааст. Аммо суоли матраҳ ин аст. ки магар соли оянда ангишт кашонида намешавад?
Амволи ғариманқули Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев ба ҷузъ қасру кӯшкҳои зиёде. ки дар Тоҷикистон дорад, соҳиби чанд хона дар Дубаю Абӯ Забии АМА, Вашингтону Вирҷиниёи ИМА, Истамбули Туркия, Барселонаи Испониё ва Ландани Бритониё мебошад. Ба Паём муяссар шуд 4 хонаи ӯ дар ИМА-ро пайдо кунад.
Ин яке аз хонаҳои ӯ дар Вашингтон аст бо нишонии 2301 N St NW APT 208 Washington
Хонаи ӯ дар шаҳри Арлингтони иёлати Миннесота, бо нишонии 1121 Arlington Blvd; Arlington, VA 22209-3214 дар ин бино ҷойгир аст:
Ҳамчунин ӯ дар иёлоти Мэриленд ва Вирҷиниё хонаҳо дорад.
Оилаи дуввум ва хавфи ифшои он
Ҷамолиддин Нуралиевро борҳо ҳамроҳ бо зане бо номи Таҳмина Боҳирова, ки бо кӯдакаш дар пойтахти Утриш, шаҳри Вена зиндагӣ мекунад, дидаанд. Овоза ҳаст, ки ин ҳамсари дуввуми ӯ ва кӯдаки Нуралиев мебошад.
Озода Раҳмон бо гумони ғолиб аз оилаи дуввуми шавҳараш хабар дорад. аммо ин сирро барои рӯзи мабод маҳфуз нигоҳ медорад. Озода бо Ҷамолиддин. тибқи гуфтаи манобеъи гуногун зиндагии тифоқе надоранд. Ҳарду истироҳаташонро ҷудо аз ҳамдигар мегузаронанд. Озодаро борҳо дар яхтаи шахсиаш дар Истамбул дидаанд, аммо бе Ҷамолиддин.
Ҷамолиддин ҳам истироҳаташ бидуни Озода мегузарад. Барои мисол соли 2017 Ҷамолиддин дар Филиппин, Барселона, Ландан ва Рум истироҳат кардааст, вале Озода дар ҳеҷ сафаре ҳамроҳаш набудааст. Ҳамчунин ҷадвали парвозҳояш нишон медиҳад, ки ӯ моҳи феврал дар Қатар ва март дар Суис (Швейтсария) будааст.
Гирифтани ҳамсари дуввум имкони меросбарии тахти хусурашро аз Ҷамолиддин Нуралиев пурра салб кардааст. Шояд худи ӯ ба ин тарафи масъала розӣ шудааст, чун аз се сол қабл равобиташ бо вузарову ҷенеролҳои қудратиро камтар кардааст. Аммо дар муқобил ғорати буҷаи давлат ва интиқоли маблағ ба ширкатҳои офшориашро тезонидааст.
Шояд мунтазири рӯзи Х аст.