Намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои гирифтани маълумот дар бораи иҷрои пружаҳои маблағгузоришаванда аз тарафи ин бонк дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд. Давоми 5 рӯз мутахассисони бонк аз ин пружаҳо дидан карда. ба иҷорои кор дар онҳо шинос шудаанд. Дар бора Кумитаи сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.
БОР даҳҳо пружаи давлатӣ дар Тоҷикистонро ба маблағи беш аз $1.8 млрд сармоягузорӣ мекунад. Ин рақам дар нишасти якҷояи намояндагони БОР ва ҳукумати Тоҷикистон оиди баррасии пружаҳои амалишаванда садо дод.
Тибқи иттилоъи манбаъ дар ҳолати 1 январи 2020 бо дастгирии молиявии БОР 16 пружаи сармоягузорӣ ба маблағи $840 млн дар ҳоли иҷрошавӣ аст. Ин пружаҳо соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обрасонӣ, сайёҳӣ, гумрук, мутобиқшавӣ бо тағйироти иқлим, пешгирии фалокатҳои табиӣ ва ғайраро дарбар мегиранд.
Дар соли 2018 БОР созишномаи грантӣ барои иҷрои ду пружа дигар ба маблағи $120 млн-ро имзо карда буд.
Гуфтанист, БОР бузургтарин кӯмаккунандаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар умум ба кишвар ба маблағи $1,8 млрд кӯмаки молиявӣ кардааст, ки қисми зиёди онро грантҳо ташкил медиҳанд. $400 млн кӯмак расонад.