Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Regnum
Тоҷикистониён дар соли оянда раисиҷумҳур ва низ намояндагони порлумони кишварро интихоб хоҳанд кард. Баҳсу гуфтугӯҳо, агарчӣ доғ нестанд, аммо бештар дар меҳвари интихоби раисиҷумҳури оянда доиранд. Ба сухани дигар, баҳсу гуфтугӯ бар сари ин аст, ки чӣ касе аз аъзои хонаводаи раисиҷумҳури кунунӣ соҳиби тоҷу тахт хоҳад шуд. Он чи сари забонҳост, номи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури феълӣ аст. Ин амр, дар дараҷаи аввал, ба далели ислоҳот дар Қонуни асосӣ аст, ки дар соли 2016 сурат гирифтанд. Бархе коршиносони сиёсӣ, дар фазои маҷозӣ ва низ дар расонаҳо, кӯшиш мекунанд, то якдигарро мутақоъид созанд, ки ҳама чиз аз қабл “пухта” шуда ва аз ин рӯ набояд мунтазири маъракаи доғи интихоботӣ ва ё шигифтиҳои пас аз интихобот буд. Бахши умдаи мардуми Тоҷикистон ва нозирони хориҷӣ низ бар ҳамин боваранд.
Дар воқеъ, 3 сол пеш порлумони гӯш ба фармони Раҳмон, ки ҳар чӣ гӯяд, бе чуну чаро анҷом медиҳад, ба иттифоқи оро, ислоҳот (тағйиру иловаҳо) ба моддаи 65 Қонуни асосии Тоҷикистонро, ки ба Рустами Эмомалӣ имкон медиҳад, то бар курсии риёсати ҷумҳурӣ биншинад, ба тасвиб расонд. Рустам дар соли 2020 синнаш 31 соли комил мешавад. То соли 2016 Қонуни асосӣ танҳо ба афроде иҷозаи тасаддии мақоми риёсати ҷумҳуриро медод, ки синнашон камтар аз 35 сол набошад, аммо инак (ва пас аз ислоҳот дар Қонуни асосӣ) шаҳрвандони аз 30 сол ба боло ҳам метавонанд барои мақоми риёсати ҷумҳурӣ номзад шаванд. Бинобар ин, маҳдудиятҳои қонунӣ аз сари роҳи Рустами Эмомалӣ бардошта шуданд.
Клорк Купер – дастёри вазири хориҷаи Омрико дар умури низомӣ-сиёсӣ
Лозим ба ёдоварист, агар ин воқеият дар назар гирифта шавад, ки Озода дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико таҳсил ва кор кардааст, метавон дағдағаи касонеро, ки фикр мекунанд омрикоиҳо ба ӯ алоқаманд ҳастанд ва ба эҳтимоли зиёд имконоти худро барои пешрафти вай ба кор хоҳанд гирифтро дарк намуд. Улмас Раҳмонӣ — таҳлилгари сиёсӣ, бар ин бовар аст, ки мақомоти Тоҷикистон бе далел арсаро барои эрониҳо танг ва саудиҳоро ҷойгузини онҳо накарданд. Ӯ мегӯяд:
“Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бо истифода аз Арабистони Саудӣ ва манобеи бузурги молии он, ба роҳатӣ арсаро барои Эрон танг кард ва ҳаминак бо ришва додан ба афроди бонуфузи пиромуни Раҳмон, метавонад ҳам шахси мавриди назари худ (яъне Озода)-ро пеш бибарад ва ҳам манофеи худро таъмин кунад.”
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Озода Раҳмон дорои сандуқи (фонди) хосси худ ба номи “Лона” аст, ки пул ба ин сандуқ аввал аз сӯи шайхҳои саудӣ сарозер шуд.
Ин таҳлилгари сиёсӣ таъкид мекунад: “Инки Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон (International Crisis Group/ICG) Озода Раҳмонро ба унвони фарде босалоҳият дар умури давлатӣ мушумурад, ин тавсиф бе ҷиҳат нест.” Ин созмон гузориши вежае дар бораи интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таҳия кардааст. Нависандагони ин гузориш Рустами Эмомалиро бо лаҳне бисёр манфӣ тавсиф мекунанд, дар ҳоле ки аз хоҳари ӯ Озода тамҷид ба амал меоваранд.
Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон (International Crisis Group/ICG), ки дар соли 1995 таъсис шудааст ва дар кишварҳои мухталиф фаъолият мекунад, бо таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ, ба ин натиҷа расида, ки Рустами Эмомалӣ, дар қиёс бо Озода, аз маҳоратҳои мудириятии камтаре бархӯрдор аст.
Бинобар ин, агарчӣ Тоҷикистонро дар байни кишварҳое қарор додаанд, ки таҷрибаи рақобатҳои сиёсӣ дар он вуҷуд надорад ва аз ин рӯ наметавон аз он маъракаҳои доғи пеш аз интихоботиро интизор дошт, аммо метавонад шигифтиҳои ҷолиберо ба армуғон оварад. Ва имрӯз ҳеч кас наметавонад бигӯяд, Эмомалӣ Раҳмон чӣ бозиеро анҷом хоҳад дод.
Regnum
Тарыумаи