Вазири умури хориҷаи Туркия эълом кард масъулияти террористҳои зиндонии Доъиш дар минтақаи амн, бар ӯҳдаи Туркия хоҳад буд.
Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар гуфтугӯ бо расонаҳои хориҷӣ эълом кард: Масъулияти урдугоҳҳо ё зиндонҳое, ки террористҳои Доъиш дар он ҷо ба сар мебаранд, агар дар маҳдудаи минтақаи амн қарор мегиранд, бар ӯҳдаи Туркия хоҳад буд ва Анқара ҳар чӣ лозим астро анҷом хоҳад дод.
Вай тазмини амнияти марзҳо, ҷилавгирӣ аз эҷоди як коридури террористӣ дар марзи ҷанубӣ, рафъи таҳдидоти террористӣ алайҳи амнияти миллии Туркия ва фароҳамсозии шароити лозим барои бозгашти паноҳҷуёни сурӣ ба манозилашонро аз ҷумлаи аҳдофи аслии амалиёти Чашмаи сулҳ эълом кард.
Човушоғлу ҳамчунин гуфт: Умқи минтақаи амн 30 километр хоҳад буд, вале мумкин аст дар бархе манотиқ бештар ё камтар аз 30 километр шавад.
Ӯ бо таъкид бар ин ки дар ин амалиёт на ғайринизомиён балки террористҳо ҳадаф қарор мегиранд, афзуд: Ин амалиёт ҳамонанди гузашта мутаносиб, мутавозин ва маҳдуд хоҳад буд. Ҳассосияти лозим барои осеб надидани ғайринизомиён иттихоз хоҳад шуд. Умедворам террористҳо аз ғайринизомиён ба масобаи сипари инсонӣ истифода накунанд.
Човушоғлу ба саволи дар бораи оқибати террористҳои Доъиш, ки дар урдугоҳҳо ё зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд, чунин посух дод: Масъулияти ин урдугоҳҳо ё зиндонҳо дар сурате, ки дар маҳдудаи минтақаи амн қарор мегиранд, бар ӯҳдаи Туркия хоҳад буд. Вале дар ғайри ин сурат ин масъулиятро бояд Амрико ё дигарон бипазиранд.
Вай бо таъкид бар ин ки Туркия масъулияти урдугоҳҳо ва зиндонҳо дар ҷануби минтақаи амнро нахоҳад пазируфт, гуфт: Мо наметавонем ба он ҷо бирасем. Амрико ва дигарон ба вузӯҳ эълом карданд, ки дар ҷануб хоҳанд монд. Масъулияти урдугоҳҳо ва зиндонҳое, ки дар ҷануби минтақаи амн қарор хоҳанд гирифт, бар ӯҳдаи амрикоиҳо ва дигарон хоҳад буд. Агар ин урдугоҳҳо ва зиндонҳо дар манотиқи таҳти контроли режими Асад қарор мегиранд, масъулияти онҳо низ бар дӯши ин режим хоҳад буд. Агар урдугоҳҳо ва зиндонҳо дар маҳдудаи минтақаи амн қарор мегиранд, мо он чи лозим астро анҷом хоҳем дод.
Човушоғлу вазири умури хориҷаи Туркия бо таъкид бар ин ки аносир гурӯҳи террористии ПКК.ИПГ силоҳҳои пешрафта доранд , гуфт: Аносири ПКК дорои силоҳҳои зидди тонк, мушак, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва силоҳҳои мушобеҳи пешрафтааст.
Ӯ афзуд: Тибқи иттилооти низомии мо, аъзои гурӯҳи террористи ПКК дорои силоҳҳои сангин ва силоҳҳои пешрафта ҳастанд. Бахши аъзами онҳо тавассути Иёлоти муттаҳида таъмин шудааст. Ҳатто се рӯз пеш, комюнҳои пур аз силоҳ ба ин гурӯҳи террористӣ таҳвил дода шуд.
Човушоғлу дар посух ба саволи дар хусуси тавофуқномаи Одоно, ки байни Туркия ва Сурия дар соли 1998 имзо шудааст гуфт: Агар як роҳи ҳали сиёсӣ дар Сурия вуҷуд дошта бошад, метавонем дар мавриди он сӯҳбат кунем, аммо масалани режим дар ҳоли ҳозир наметавонад шимоли шарқии ин кишварро контрол кунад. Сипас ин режим чи гуна тавофуқномаи Одоноро иҷро хоҳад кард?
Вай афзуд: Режими Асад чи гуна барои ҳамалоти террористӣ ба Туркияро ҷилавгирӣ хоҳад кард? Оё метавонад террористҳоро нобуд кунад? Онҳо наметавонанд ин корро анҷом диҳанд.
Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт: амалиёти феълии мо дар воқеъ бар асоси ҳуқуқи мо ношӣ аз ин тавофуқнома аст. Режим дар ҳоли ҳозир наметавонд ин тавофуқро иҷроӣ кунад. Агар як роҳи ҳали сиёсӣ вуҷуд дошта бошад, тавофуқномаи Одоно мутмаиннан тавассути ҳар ду тараф қобили иҷро аст.