Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 11.10.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ, пули миллии тоҷикӣ, чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9 сомониву 69 дирам

1 евро – 10 сомониву 69 дирам

1 рубли русӣ — 15  дирамро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА  то 9 сомониву 70 дирам;

1 евро  то 10 сомониву 71 дирам;

10 рубли русӣ 15 сомониву 25 дирам аст.

Бонки Миллии Тоҷикистон  огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад»

Дар ҳамин ҳол бозори сиёҳи асъор дар Тоҷикистон фаолтар аз марказҳои хизматрасонии бонкӣ аст. Дар бозори сиёҳ имконияти бемаҳдуди хариду фурӯши асъори хориҷӣ нисбати бонкҳо мусоидтар аст. Аксари соҳибкороне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон молу коло ворид мекунанд, баъди фурӯши молҳояшон бо пули пиллӣ, барои баргардонидани пули миллии сомонӣ ба доллар ё евро сарсон мешаванд. Чун дар бонкҳо ба муштариён ба талаби хариди асъори хориҷӣ ҷавоби рад дода мешавад. Ҳатто касоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон асъори хориҷӣ мефиристанд, бо курсҳои гарон бонк пули миллии сомонӣ медиҳад.

Дар бозори сиёҳ 1000 рубли русӣ бо арзиши 160 сомонӣ фурӯхта мешавад.

100 доллари амрикоиро дар шаҳри Душанбе дар ивази 1000 сомонӣ харидаанд.

*****

Нархи нафт дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон имрӯз нисбати рӯзҳои гузашта каме гарон шуд. 

Нархи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 59 доллару 10 сент муъомила шуд.

Ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 53 доллару 55 сент муъомила шуд.

***

Арзиши ҳар унс тилло дар муъомилоти шоми дирӯзи миёнбонкии Лондон як каме нисбати рӯзҳои пештар арзон шуда, 1494 доллару 80 сент муъомила шуд.

Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо тасбити субҳи панҷшанбе 13 доллару 40 сент коҳиш ёфт.

Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1356,38 ва фунти инглис 1222,75 муъомила шуд.

Аммо тибқи маълумот аз пойгоҳи Goldnp.com нархи 1 унс тилло дар Тоҷикистон мисли нархи дирӯза  устувор монда, 1497 доллари Амрикоӣ муаян шудааст. 

Бо ҳамин ҳисоб нархи тиллои пробаи 585 дар Тоҷикистон 272 сомониву 72 дирам

Пробаи 750 бо арзиши  349 сомониву 62 дирам

Пробаи  375 бо қиммати  174 сомониву 81 дирам

Пробаи 916 бо нархи   427 сомонӣ

Пробаи  999 бошад бо арзиши  465 сомониву 64 дирам муайян шудааст. 

Арзиши тилло дар биржаи металлҳои Лондон ҳар рӯз ду маротиба, дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич муқаррар карда мешавад. Барои муайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ Scotia Mocatta, Barclays Capital, Deutsche Bank, HSBC и Société Générale ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад. Аммо нархи воқеӣ вобаста ба омили инсонӣ метавонад ё камтар ё бештар бошад.

*****

Аз оғози сол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли тилло ва нуқра зиёда аз 30 дар сад афзуд.

Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2 афзуд.

Ҳамчунин истеҳсоли нуқра низ дар ин давра 36,9 дар сад зиёд шудааст.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ , дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо саҳми корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ва “Пакрут”, ҳамчунин корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо” ва ҶДММ “Гули Мурод” қайд мешавад.

Металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва корхонаҳои заргарии кишвар мехаранд.

Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати саноат, дар муқоиса бо соли гузашта истеҳсоли тилло соли равон 10 дар сад ва нуқра 4,3 дар зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди навбатӣ гузоштанд: беш аз 6,4 тонна тилло истеҳсол шуд.

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба соли пешин қариб 17 дар сад афзуд.

Тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 3 маротиба афзуд..

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи тилло асосан корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” машғул аст, ки наздики 70 дар сад аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо ба ҳиссаи он рост меояд.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд, ки дар қатори КМ “Зарафшон”, бузургтарини онҳо Корхонаи Металлургии «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд. Ин омор дар ҳоле аст, ки аксари корхонаҳои номбурдае, ки бо шарикии ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд, аз конҳо тилло ҳамчун ашёи хом ба  Чин интиқол меёбанд ва дар онҷо коркард мешаванд. Инаст, ки қисме аз корхонаҳои металлургии Тоҷикистон қодир ба ин нестанд, ки ҳаҷми дар яктонна хок чи қадар мавҷуд будани тиллоро муаян карда тавонанд.

****

Сандуқи Байналмиллалии Пул барномаи нави худро нисбати Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда, дасти кам барои ба даст овардани қарзи имтиёздор чор шарт гузоштааст. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб талош дорад аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ кумак ва қарзҳои имтиёздор дарёфт кунад.

Пешниҳоди барномаи нав дар ҳоле сурат мегирад, ки сафари як ҳайати Сандуқи байналмиллалии пул таҳти роҳбарии Падамҷа Ханделвал ба Тоҷикистон поён ёфт ва ҳамчун натиҷаи он рӯзи 9-уми октбяр чаҳор тавсияи стратегии Сандуқи Байналмиллалии Пул  ба Ҳукумати Тоҷикистон мунташир шуд.

1. Танзими фискалӣ барои устувории будҷа ва коҳиш додани риски буҳрони қарзӣ,

2. Таъмини чандирии мубодилаи асъор ва беҳтар кардани амалиёт дар бозори асъор..

3. Устувор намудани асосҳои сиёсати пуливу қарзӣ барои гузариш ба ҳадафгирии таварум

4. Идомаи ислоҳоти бахши молия бо шумули ҳалли мушкили бонкҳои пардохтнопазир барои боз гардонидани эътимод.

Тавсияи чаҳоруми Сандуқи Байналмиллалии Пул  ишора ба мушкили ҳалношудаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аст, ки  се сол боз идома дорад. Ин ду бонк аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои муштариёнашон оҷиз мондаанд. Давлати Тоҷикистон феврали соли 2017 барои наҷоти ин ду бонк ба “Тоҷисодиротбонк” 2 миллираду 250 миллион сомонӣ ва ба “Агроинвестбонк” – 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ҷудо кард, аммо мушкили пардохтпазирии ин бонкҳо ҳал нашуд.

Агар ҳукуматиТоҷикистон ин ислоҳотро қабул ва иҷрои онро ба уҳда бигирад, интизор меравад, Душанбе аз Сандуқи байналмиллалии пул то 220 миллион доллар қарзи имтиёздор дарёфт кунад.

Дар робита ба ин шартҳои Сандуқи Байналмиллалии Пул  ҳукумати Тоҷикистон вокунише накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *