Як манбаъи дипломатик дар Қатар ба Афғонистон Интерншнл гуфтааст, ки нишасти Созмони милал дар Доха дар бораи Афғонистон, дар воқеъ оғози фароянди ба расмият шинохтани Толибон аст.
Ин дипломат дар “ҳотели Шарқ”, маҳалли баргузории нишасти Доха, гуфтааст, ки ин нишаст оғози гуфтугӯҳо барои пайдо кардани роҳе аст барои ин ки чигуна мешавад бо Толибон музокира кард.
Ба гуфтаи ӯ Русия ва Чин ба далоили иқтисодӣ мекӯшанд роҳе барои расмият додан ба Толибон ва таомул бо идораи ин гурӯҳ боз шавад.
Пештар агарчи Омина Муҳаммад, муовини дабири куллии Созмони милал гуфта буд, ки ин нишаст барои бардоштани “гомҳои кӯчаке” барои оғози фароянд ба расмият шинохтани Толибон аст, вале сухангӯёни ин Созмон пас аз он, гуфтанд, ки ин нишаст барои ба расмият шинохтани Толибон баргузор намешавад.
Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, раиси дафтари Толибон дар Қатар гуфта, ки ин гурӯҳ “ҷиноҳи аслӣ” дар Афғонистон аст ва бар кулли ин кишвар контрол дорад, бояд ба унвони ҳукумати Афғонистон ба расмият шинохта шавад.
Ин узви Толибон ҳамчунин аз ин, ки аъзои гурӯҳи Толибон ба ин нишаст даъват нашуда, интиқод кард ва гуфт, ки ин амр боиси печидагии бештар хоҳад шуд.
Пештар як мақоми аршади Созмони милал дар маҳалли нишаст гуфта буд, ки Антониу Гутерреш иҷоза намедиҳад, ки мақомҳои Толибон дар ин нишаст ширкат кунанд.