11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дарҳои боз –вокуниши Маркази исломии Ню-Ҷерси ба изҳороти исломситезона

Маркази исломии шаҳри Фламингтон дар Ню-Ҷерсии Амрико бо баргузории маросими дарҳои боз, мехоҳад дар шинохти ислом дар миёни ғайримусулмонон коре карда бошад.

Ин  марказ рӯзи гузашта маросими дарҳои боз бо ҳузури ғайримусалмонон баргузор карда, аз меҳмононаш бо фаъолиятҳои шодибахш, гуфтумони миёнадёнӣ ва хурдани ғизо пазироӣ намуд.

Ин рӯйдод дар пайи изҳороти зиддиисломии яке аз аъзои шӯрои шаҳре дар моҳи гузашта баргузор гардид. Изҳороти Лу Риннер, узви кумитаи шаҳраки Роритон муҷиб шуд ӯ маҷбур ба узрхоҳӣ шавад ва аъзои кумита хостори истеъфои вай гарданд. Лу Риннер маҷбур шуд ба унвони муовини шаҳрдор истеъфо диҳад, аммо дар кумита боқӣ монд.

Мусулмонон бо барпоии ин маросим, аз ин намояндаи исломҳарос ва дигар мақомоти давлатӣ барои ширкат даъват карда буданд, аммо ӯ даъвати мусулмононро напазируфт. Гуфтанӣ аст, дигар масъулон, аз ҷумла шаҳрдори Фламингтон ва бархе намояндагони кумита дар ин маросим ҳузур доштанд.

Ин маркази исломӣ  замоне оғоз ба кор кард, ки як амрикоӣ бо номи Сталин Солозор, ки ба Ислом гиравида буд, дар январи 2005 анборро ба маркази исломӣ мубаддал сохт ва мадрасае барои кӯдакони мусулмон роҳандозӣ кард.

Маркази исломӣ аз он замон то кунун рӯ ба рушд буда, интизор меравад то чанд соли оянда сохтмони ҷадиди марказ низ омодаи баҳрабардорӣ шавад.

Дар нишасти рӯзи гузашта баргузоркунандагон ваъда доданд, ки маросими дарҳои боз идома пайдо хоҳад кард ва ҳамсоягон фурсатҳои зиёде барои омӯхтан дар бораи фарҳанги исломӣ ба даст хоҳанд овард.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *