Рубрики Хабарҳо

Раиси Думаи Русия ба Тоҷикистон меояд

Вячеслав Володин, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия санаи 18 октябр  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. 

 Вячеслав Володин дар доираи сафари худ бо раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 октябр дидору гуфтугӯ мекунад.

Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин рӯз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ба  майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар мегузорад.

Дар назар аст, ки бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» дидан намояд.

Ҳамчунин  20 октябр Вячеслав Володин аз Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев дидан мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *