Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки ҳайате аз гурӯҳи Толибон вориди Теҳрон шудааст.
Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки як ҳайати сиёсии гурӯҳи Толибон бомдоди имрӯз, сешанбе вориди Теҳрон шудааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии вазорати умури хориҷаи Эрон, аъзои ҳайати сиёсии Толибон ба риёсати мулло Абдулғанӣ Бародар ба ин кишвар сафар кардаанд.
Хатибзода дар ин бора изҳор дошт: “Ин ҳайат бар асоси ҳамоҳангии қаблӣ ва ба даъвати вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди имрӯз (сешанбе) вориди Теҳрон шуд ва мавриди истиқболи мақомоти вазорати умури хориҷа қарор гирифт.”
Вай афзуд: “Ҳайати сиёсии Толибон дар тӯли муддати ҳузур дар Теҳрон, дидорҳоеро бо мақомоти масъули кишварамон аз ҷумла вазири умури хориҷа ва намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон дошта ва дар хусуси раванди сулҳ дар Афғонистон ва масоил ва мавзӯъоти муртабит, табодули назар ва ройзаниҳои хоҳад кард.”