Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира: Паймони дуюми Ақаба

Баъд Мусъаб ибн Умайр ба Макка мавсими ҳаҷҷи соли оянда (соли дувоздаҳуми паёмбарӣ) ҳамроҳ бо гурӯҳе аз мусулмонони Мадина бармегарданд. Онҳо ҳамроҳ бо ҳоҷиёни мушрики қавмашон омада буданд.

Ибни Исҳоқ аз Каъб ибни Молик (раз.) чунин нақл мекунанд: “Бо Паёмбар (с) ба яке аз рӯзҳои аёми Ташриқ иттифоқ кардем. Вақте ки аз маросими ҳаҷ фориғ шудем ва ҳамон шаби ваъдагӣ фаро расид, ҳамроҳ бо қавми худ дар бошгоҳ хоб рафтем. Чун сеяки шаб гузашт, аз бошгоҳ ба ҳадафи мулоқот бо Паёмбар (с) оҳиста мисли роҳравии гурба қадамзанон пинҳонӣ баромадем. Ва ниҳоят дар доманае назди Ақаба ҷамъ шудем. Мо ҳафтоду се нафар будем ва миёнамон ду зан, яке Нусайба бинти Каъб ва Асмоа бинти Амр ибни Адӣ низ буданд.

Мо дар он домана ҷамъ шуда, Паёмбар(с)-ро мунтазир будем. Ниҳоят Он ҳазрат (с) ҳамроҳ бо амакашон Аббос ибни Абдулмутталиб омаданд. Ҷамоати мо аввал сухан карда гуфтанд: “Аз мо ҳар чӣ мехоҳед барои худ ва худоятон гиред.”

Сипас, Паёмбар (с) сухан карда, порае аз Қуръон хонданд ва ба Худо даъват карда, ба Ислом тарғиб намуданду баъд гуфтанд: “Бо шумо байъат мекунам, ки маро мисли ҳамсару  фарзандонатон ҳимоя мекунед”. Сипас, Барро ибни Маърур аз дасти Паёмбар (с) дошта гуфтанд: “Бале. Ба номи Худое, ки шуморо паёмбар фиристодааст, шуморо мисли аҳли худ ҳимоя мекунем. Эй Расули Худо, бо мо байъат  кунед. Ба Худо, мо мардуми ҷанганда ҳастему соҳиби разм. Ин хислат ба мо аз падару бобоён мондааст”.

Дар аснои каломи Барро, Абулҳайсам ибни Тайҳон ба гап ҳамроҳ шуда, гуфт: Эй Расули Худо, миёни мо ва яҳудиён алоқае ҳаст. Мо онро  қатъ мекунем. Агар мо чунин кунем, оё баъди Худо шуморо пирӯз кардан, моро танҳо гузошта, назди қавми худ барнамегардед?

Он ҳазрат (с) лабханде карданду гуфтанд: “Не. Ҳаргиз. Чунин нахоҳад шуд. Ман аз шумояму шумо аз манед. Бо касе дар ҷанг шавед, дар ҷанг мешавам. Бо касе сулҳ бастед, сулҳ мебандам”.

Баъд Паёмбар (с) гуфтанд: “Аз миёнатон ба ман дувоздаҳ касро интихоб кунед, то аз қавми худ намоянда бошанд”. Онҳо дувоздаҳ нафар, нуҳ нафар аз Хазраҷ ва се нафар аз Авс ҷудо карданд. Вақте онҳо ҷудо шуданд, Паёмбар ба онҳо гуфтанд: “Шумо ба қавми худ кафил ҳастед, чи хеле ки ҳавориён ба Исо писари Марям кафил буданд. Ман бошам, ба қавми худ кафилам”.

Нахустин касе ки ба Паёмбар (с) даст дод, Барро ибни Маърур буд. Сипас дигар ҳама байъат карданд.

Вақте ҳама бо Паёмбар (с) паймон бастем, гуфтанд: “Акнун ба бошишгоҳи худ равед”. Аббос ибни Убода ибни Нафла гуфт: Ба Худое, ки шуморо ба ҳаққ фиристод, агар хоҳед, худи пагоҳ бар сари аҳли Мино бо шамшерҳои худ ҳамла мекунем. Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Ҳанӯз ба ин кор амр нашудаем. Ҳоло ба бошишгоҳатон баргардед”.

Мо ба хобгоҳи худ баргаштем ва то субҳ хоб рафтем. Чун субҳ кардем, иддае аз Қурайш наздамон омада гуфтанд: Эй Хазраҷиён, мо шунидем, ки шумо назди ин ошноямон омадаеду ӯро аз миёни мо бароварда бурданиед. Бо ӯ ба ҷанги мо паймон бастаед. Ба Худо аз ҳама кори бад барои мо ҳамин аст, ки миёни мову шумо ҷанг хезад.

Чанде аз мушрикони мо бархоста, ба Худо қасам мехӯрданд, ки “Чизе аз ин корҳо нашудаасту мо аз он хабаре надорем”. Онҳо дуруст мегуфтанд, ки хабаре надоранд. Мо ба ҳамдигар менигаристем.

Мардуми мо аз Мино ба роҳ баромаданд. Қурайш аз пайи таҳқиқи хабар шуданд ва ниҳоят фаҳмиданд, ки он дуруст будааст. Дарҳол аз пайи мо баромаданд ва Саъд ибни Убодаро дар Азохир ва Мунзир ибни Амрро, ки ҳар ду аз ҷумлаи намояндагон буданд, дарёб карданд. Мунзир тавонист, ки аз дасти онҳо наҷот ёбад. Вале Саъд ба дасти онҳо фаромад. Онҳо ӯро дошта, дастонашро бо ресмони шутураш ба гарданаш бастанд ва сипас, ба Макка оварданд. Мардуми Қурайш ӯро мезаданд ва ӯ, ки марди мӯйдарозе буд, аз он кашола мекарданд.

Дар ин бора худи Саъд чунин мегӯяд: Ба Худо, вақте маро дошта, кашола мекарданд, марде аз миёнашон наздам омада гуфт: Бечора, охир, байни Қурайш касе нест, ки бо ӯ ҳамҷаворӣ ва аҳде дошта бошӣ? Гуфтам: Бале, дорам. Ман ба савдогарони Ҷубайр ибни Мутъам ва Ҳорис ибни Умайя ҳимоя медодам ва онҳоро аз касе дар диёри мо зулм кардан мехоҳад, нигаҳ медоштам. Он мард гуфт: Онҳоро ҷеғ зан. Саъд мегӯяд: Ман чунин кардам. Мутъам ибни Адӣ ва Ҳорис ибни Умайя омада, маро аз дасти онҳо халос карданд.

Ибни Ҳишом мегӯяд: “Вақте ки Худо ба Паёмбар (с) иҷозати ҷанг кардан дод, байъати ҷанг ғайри он шартҳое дар байъати Ақаба буд,  боз шартҳои дигар дошт. Байъати якум мисли байъати занон буд. Зеро он вақт Худо ба Паёмбар (с) иҷозати ҷанг надода буд. Вақте ки барояшон иҷозати ҷанг кардан дод, бо онҳо бар ҷанг кардан бо ҳама байъат карданд ва ҳаққи худашон ва ҳаққи Худоро аз байъаткунандагон гирифтанд. Дар иваз бар вафояшон ҷаннат ваъда доданд”.

Убода ибни Сомит мегӯянд: Мо Паёмбар (с) байъати ҷанг кардем. Аҳд намудем, ки дар ҳолати сахтиву осонӣ, тангиву шодмонӣ ва нодида гирифтани ҳаққамон ҳам, гӯш медиҳем ва итоат мекунем, ҳақро аз ҳақдораш кашида намегирем, куҷо набошад, ҳақ мегӯем ва дар роҳи Худо аз маломати маломаткунанда намеҳаросем.

Нахустин ояте, ки ба Паёмбар (с) дар бораи иҷозати қанг кардан нозил шудааст, ин буд:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ، الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ إِلَّا أَنْ يَقُولُوا رَبُّنَا اللَّهُ، وَلَوْلا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَهُدِّمَتْ صَوامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَواتٌ وَمَساجِدُ يُذْكَرُ فِيهَا اسْمُ اللَّهِ كَثِيراً، وَلَيَنْصُرَنَّ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ، إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيز”  ] الحج / 39، 40

(ба касоне, ки кофирон бар зиддашон меҷангад,иҷозати ҷанг дода шуд, зеро онҳо мавриди зулм қарор гирифтаанд. Ва бегумон Аллоҳ (ҷ) ба нусрати онҳо қодир аст. 40) Он мӯъминоне, ки бо зулм аз манзилҳояшон берун карда шудаанд, танҳо ба хотири он, ки мегуфтанд: “Парвардигорамон Аллоҳ аст. Мо ғайр аз Ӯ дигар Парвардигор надорем.” Ва агар Худо бархе аз мардумонро ба воситаи бархеи дигар аз байн намебурд, бегумон пас хонақоҳи обидони насронӣ ва калисоҳои масеҳиён ва киништҳои яҳудиён ва масоҷиди барои намоз омодашудаи мусалмонон, ки дар он номи Аллоҳ (ҷ)-ро бисёр зикр мекунанд, хароб карда мешуд. Ва албатта, Аллоц (ҷ) касеро, ки дину Пажмбарашро ёрӣ расонад, нусрат медицад. Ба дурустӣ, Аллоҳ (ҷ) бағоят Қавию Ғолиб аст.)

Панду андарзҳо

Байъати дуюм дар ҷавҳари худ, ба байъати якуми Ақаба мувофиқат мекунад. Ҳар яки он ҳамчун эълони мусулмоншавӣ дар назди Паёмбар (с) буда, дар он ашхоси мусулмоншуда бар он аҳду паймон мебанданд, ки ба фармудаҳои Худо гӯш медиҳанду итоат мекунанд ва ба дини Ӯ ихлос меварзанд ва аз фармудаҳои Расули Ӯ пайравӣ менамоянд.

Миёни байъати якум ва дуюми Ақаба ду фарқияти муҳимро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳар ду шоистаи омӯхтан ва ибрат мебошанд. 

Фарқияти якум: Шумораи байъаткунандагон аз аҳли Мадина дар паймони якум дувоздаҳ нафар буд. Вале дар паймони дуюм бошад, он бо шумули ду зан ба ҳафтоду чанд нафар расид.

Он дувоздаҳ нафари аввала ҳамроҳ бо Мусъаб ибни Умайр ба Мадина баргашта, бо худ овора дар хона нанишастанд. Балки ҳар яки онҳо ашхоси дар атрофашон бударо ба Ислом даъват карда, барояшон аз Қуръон хонда медоданд ва аҳкому низоми онро баён мекарданд. Ана барои ҳамин, Ислом дар як сол ба таври хеле густурда дар Мадина паҳн шуд ва хонае намонд, ки аз он бехабар монда бошад. Акнун гапи тамоми аҳли Мадина дар бораи Ислом ва хасоису аҳкоми он шуда буд.

Ин аст вазифаи мусулмон дар ҳар давру замон.

Фарқияти дуюм: Бандҳои байъати якум аз масъалаи муборизаву ҷиҳод бо қувва  умуман холӣ буд. Вале дар байъати дуюм сароҳатан, зарурати ҷиҳод кардан бо ҳар роҳу васила баҳри ҳимояи Паёмбар (с) ва даъвати исломӣ зикр гардид.

Сабаби ин фарқият он буд, ки нафарони дар паймони якум байъаткунанда баргашта ваъда доданд, ки соли оянда дар мавсими ҳаҷ боз дар ҳамин ҷо вомехӯрданд, то бо шумораи бештар биёянду аз нав аҳду паймон кунанд. Он вақт зарурат ба байъат бар ҷиҳод набуд. Модоме, ки ҳанӯз ба он иҷозат нашуда буду иттифоқ буд, ки соли оянда онҳо боз бо Паёмбар (с) мулоқот хоҳанд кард.

Аз ин мебарояд, ки байъати якум азбаски танҳо шомили бандҳое буд, ки баъдан аз рӯйи он занҳо байъат мекарданд, паймони муваққатӣ буд. Вале байъати дуюм, ҳамон заминае буд, ки бар асоси он Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат намуданд. Аз ин рӯ, асосҳоеро низ дарбар мегирифт, ки танҳо баъди ҳиҷрат ба Мадина ҳукми қонунӣ пайдо мекард. Дар саргаҳи он ҷиҳод ва ҳимояи даъват бо қувва меистод. Ин ҳукме мебошад, ки агарчи ҳанӯз дар Макка хусусияти қонунӣ нагирифта буд, вале Худо ба Паёмбар (с) илҳом намуд, ки он дар ояндаи наздик ҷорӣ хоҳад шуд.   

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳукми қонунӣ пайдо кардани ҷиҳод дар Ислом, дурустараш, танҳо баъди ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина сурат гирифтааст. Он тавр нест, ки чи хеле ки аз суханони Ибни Ҳишом дар таърих фаҳмида мешавад, он пеш аз ҳиҷрат ҳангоми байъати  дуюми Ақаба ҷорӣ шудааст.

Дар бандҳои он байъат чизе нест, ки ба ҷорӣ шудани ҷиҳод дар он вақт далолат кунад. Зеро Паёмбар (с) аз аҳли Мадина ба хотири оянда аҳди ҷиҳод гирифтанд. Вақте ки ба назди онҳо мераванду миёнашон дар Мадина зиндагӣ мекунанд. Далел ба ин гуфтаҳо чи тавре ки дар боло гуфта шуд, ин аст, ки Аббос ибни Убода ибни Нафла гуфт: Ба Худое, ки шуморо ба ҳаққ фиристод, агар хоҳед, худи пагоҳ бар сари аҳли Мино бо шамшерҳои худ ҳамла мекунем. Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Ҳанӯз ба ин кор амр нашудаем. Ҳоло ба бошишгоҳатон баргардед”.  

Ба иттифоқи аҳли илм нахустин ояте, ки дар бораи ҷиҳод ва ҷорӣ шудани он нозил шудааст, ояти 39 ва 40 аз сураи Ҳаҷ буд, ки дар боло зикр гардид.

Имом Тирмизӣ, Насоӣ ва ғайра аз Ибни Аббос нақл мекунанд, ки “Вақте Паёмбар (с) аз Макка берун карда шуданд, ҳазрати Абубакр гуфтанд: Онҳо паёмбарашонро берун карданд. “Инно лиллоҳи инно илайҳи роҷиун. Ҳатман, ҳалок хоҳанд шуд”. Ибни Аббос мегӯянд: Сипас, Худованд ояти 39 аз сураи Ҳаҷро нозил кард. Ҳазрати Абубакр гуфтанд: “Ман донистам, ки ҷанг мешавад”.”.

Акнун сабаби то ин марҳала ба таъхир афтодани ҷорӣ шудани  ҷиҳод бо қувва бастаи чанд ҳикматҳои зерин аст:

Якум: Муносиб аст, ки пеш аз ҷанг кардан аввал бояд Ислом шиносонида шавад, ба он даъват карда шавад, ҳуҷҷату далел барпо карда шавад, мушкилиҳое, ки дар пеши роҳи фаҳмидани он меистад, бартараф карда шавад. Бидуни шак марҳалаҳои нахустини ҷиҳод ҳамин мебошад. Аз ин ҷост, ки амалӣ кардани он фарзи кифояе мебошад, ки ҳама мусулмонон дар ҷавобгарӣ аз он баробаранд.

Дуюм: Раҳмате, ки Худо нисбат ба бандагон дорад, нагузошт, ки вазифаи ҷиҳод ба гарданашон бор карда шавад, то даме ки барояшон ватани Ислом пайдо нашавад. Ин ватан барояшон ҳамчун паноҳгоҳе мегардад, ки ба он паноҳ мебаранд. Албатта, Мадинаи Мунаввара нахустин ватани Ислом буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *