11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Донишҷӯ-тамаллуқкори сол муайян мешавад

Озмуни “Донишҷӯи сол”, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон эълон карда буд, ҷамъбаст шудааст. Рӯзҳои наздик барандаи ин озмун эълон хоҳад шуд.

Шарти аввали ин озмун навиштани иншо дар мавзӯъи  “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” будааст. Сомонаи Тоҷнюз бо такя ба манбааш дар ин кумита хабар додааст, ки дар даври ниҳоии ин озмун 17 нафар донишҷӯ аз тамоми кишвар ширкат намуда, иншоро навиштаанд ва чанд рӯз пас ғолиби озмун эълон хоҳад шуд.

Кумитаи ҷавонон яке аз пешгомтарин ниҳодҳо дар тамаллуқ ба Эмомалӣ Раҳмон ва тарбияи насли нави тамаллуқкорон аст. Қаблан ҳам ин ниҳод чанд озмуни ба ҳамин монанд барпо намуда буд.

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *