Ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва захмӣ кардани як корманди пулис, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикикистонро додгоҳи олии Бошқирдистон ба 15 сол зиндон маҳкум кардааст.
Расонаҳои Бошқирдистон рӯзи 16-уми октябр аз қавли масъулони додгоҳи минтақавӣ бидуни бурдани номи судшуда хабар додаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар як махфигоҳи шаҳри Дюртюли маводи мухаддирро дар ҳаҷми калон нигоҳ медоштааст. Ин амали ӯ аз тарафи кормандони пулис таҳти назорат қарор доштааст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти боздошташ бо зарбаи корд ба сина ва шиками корманди пулис задааст. Аз тарафи ҳамкори дигари пулис аз ин ҳамла ҷилавгирӣ шудааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти мурофиа қисман гуноҳи худро эътироф кардааст ва Додгоҳи Бошқирдистон ӯро ба 15 сол маҳкум намудааст.
Гуфтанист, айни ҳол бино ба маълумотҳои расонаишуда наздик ба 11 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд. Номаҳои зиёде аз зиндонҳои Русия дастраси Паём шудааст, ки мегӯянд, аксаран бо туҳмат пушти панҷараи зиндонҳои Русия шудаанд.