Субҳи имрӯз ҳайати дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба мақсади Бразилиё тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул Душанберо тарк гуфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 21 футболбоз, аз ҷумла 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд. Дар Чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон- Камерун, Испания ва Аргентина қувва месанҷанд.
Гуфтанист дар даври нахустини Чемпионати ҷаҳон-2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28 октябр бо дастаи мунтахаби Камерун рақобат мекунад. Ин дидор соати 20:00 ба вақти Бразилия ва соати 04:00-и субҳи 29 октябр ба вақти Душанбе дар назар аст.
Дар даври дуюм- 31 октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов (соати 01:00-и 1 ноябр ба вақти Душанбе) бо дастаи мунтахаби Испания ба майдон мебароянд.
Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 3 ноябр (соати 01:00-и 4 ноябр ба вақти Душанбе) бо ҳамтоёни худ аз Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи бозиҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика доир мешаванд. Ба даври 1/8- ниҳоии ҶҶ-2019 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи дигаре, ки аз дигарон натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд.