Рубрики Хабарҳо

Маскав: воридоти худравҳои эронӣ ба Русия имконпазир нест

Вазорати саноат ва тиҷорати Русия гуфтааст воридоти худравҳои эронӣ ба Русия ҳанӯз имконпазир нест зеро ин худравҳо гувоҳиномаи таъйидшуда надоранд. Ин вазоратхона афзуд, то кунун ҳеҷ дархосте дар ин робита аз сӯи худравсозон дарёфт накардааст. 

Вазорати саноат ва тиҷорати Русия мегӯяд яке аз шарти аслӣ барои арзаи худравҳои воридотӣ аз ҷумла аз Эрон ва фаъолияти онҳо дар хоки федератсияи Русия, судури гувоҳиномаи таъйиди худрав аст. 

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости ба нақл аз дафтари матбуотии ин вазорат, то ба имрӯз мошинҳои худравсозони эронӣ гувоҳии таъйид надоранд ва ҳеҷ дархосте ҳам аз сӯи худравсозони эронӣ барои судури он ба вазоратис аноат ва тиҷорати Русия ироа нашудааст. 

Ин вазорат ба саволе дар бораи стандарт будан ва ирсоли худравҳои эронӣ ба федератсияи Русия посух дод. 

Соли гузашта Алберт Каримов муовини вазири саноат ва тиҷорати Русия аз алоқаи худравсозони эронӣ ба бозори худравии Русия хабар дода буд. 

Ҳамчунин Алексий Дадов, сафири Русия дар Теҳрон дар январи соли ҷорӣ дар гуфтугӯ бо РИА Новости эълом кард, ки ширкати худравсозии Эрон қасд дорад то нимаи март 2 ҳазор худрав ба Русия содир кунад. 

Сафири Русия афзуд, ширкати SAIPA низ дар ҳоли музокира барои имкони содироти бештари худравҳои худ аст ва мехоҳад беш аз 20 ҳазор дастгоҳи худрав дар сол ба Русия содир кунад. 

Тавзеҳоти вазорати саноеъи Русия ҳарфҳои мудиръомили гурӯҳи санъатии худрави Эронро рад мекунад Маҳди Хатибӣ нимаи моҳи январ дар як мусоҳибаи матбуотӣ гуфт, ки содироти тавлидоти ин ширкат ба Русия оғоз шуда ва «то поёни имсол ҳудуди ду ҳазор дастгоҳ ба бозори Русия содир хоҳем кард.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *