Рубрики Хабарҳо

Нурмуҳаммадзода, ҷазираҳои Вирҷин ва пиёз

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Ожонси омор иддао кард соли гузашта Тоҷикистон ба Ҷазираҳои Вирҷин дар ҳаҷми 16,2 миллион доллар маҳсулот содир кардааст. Ба гуфтаи ӯ содироти Тоҷикистон ба ҷазираҳои маъруф ба суратҳисобҳои офшорӣ асосан аз маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатӣ иборат будааст. 

Нурмуҳаммадзода дар собиқ раёсати Бонки миллиро бар ӯҳда дошт ва ҳатман медонад, ки интиқоли маблағ аз як кишвар ба кишвари дигар бо чӣ шартҳое инконпазир аст, аммо зоҳиран намедонад содирот бо чи шарту имконоте мумкин мегардад. Агар медонист, қабл аз он ки ин дурӯғи шохдорро расман эълон кунад, даме андеша мекард.  

Раиси Ожонси омор барои камтарин далел пайдо кардан ба дурӯғи “содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ” ба ҷазираҳои дурафтода, аз имтиёзҳо дар онҷо гуфт, ки имкон додааст маҳсулоти кишвар бо ин ҳаҷми барои Тоҷикистон, аниқтараш содироти Тоҷикистон бузург содирот шавад. Ва барои он ки дар шунавандаву хонанда суоли “мо куҷову ҷазираҳои Вирҷин куҷо, дар ҳоле, ки маҳсулотамонро ҳатто Афғонистон намехарад”, пайдо нашавад, лоф ҳам зад, ки «содирот васеъ шуда истодааст ва бозор ёфтанамон даркор».

Дар назари аввал содирот ба ҳар кишваре, аз ҷумла ҷазираҳои Вирҷин аҷобате надорад ва дар сурати роҳандозии менеҷменти лозимиву пешниҳоди шоиста, аз имкон дур нест. Аммо бо дарназардошти шартҳои содирот, вазъи содироти кишвар ва додаҳои мақомоти дигар дар бораи ҳаҷму мақсадҳои (кишварҳои аз Тоҷикистон воридкунанда) он, масофа то ҷазираҳои Вирҷин, метавон бо итминони комил гуфт, ки Нурмуҳаммадзода дурӯғ гуфтааст. Албатта ӯ ин дурӯғро аз худаш “истеҳсол” накарда, ҳатман ба омори додаи кадом мақомоти дигар, масалан Бонки миллӣ такя кардааст, аммо медониста, ки дурӯғ мегӯяд. 

Дар аввалин рӯзе, ки нишастҳои матбуотии вазоратхонаву кумитаҳо ва мақомоти дигари давлатии Тоҷикистон шурӯъ шуданд, мо гуфта будем, ки онҳо ҳеҷ ҳарфи дархӯре дар ин нишастҳо нахоҳанд зад, ҷуз ин ки бо ҳамдигар ихтилоф кунанд ва сиру дурӯғҳои якдигарро ифшо намоянд. Нурмуҳаммадзода ҳам ҳамин корро кард.  

Ҳоло пардозем ба далоиле, ки дурӯғи раиси Ожонси оморро собит мекунанд. 

1. Тоҷикистон содироти маҳсулоти коркарди саноатӣ надорад

Раиси Ожонси омор мегӯяд Тоҷикистон ба ҷазираҳои Вирҷин “маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатӣ” содирот кардааст. Маҳсулоти коркарди саноатӣ, яъне маҳсулоти тайёр. Аслан шумо чанд намуд чунин маҳсулотро медонед, ки Тоҷикистон содирот мекунад? Содироти Тоҷикистон асосан аз маҳсулоти хом ва канданиҳо иборатанд, ки 85 дарсади (!) ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд. Баъдан маҳсулоти ниматайёр. Ҳаҷми содироти маҳсулоти коркарди саноатӣ то ҳаде ночиз аст, ки дар омор таҳти ҳеҷ рақами фоизие ҷой дода намешавад! Магар ин ки тахмин занем кулии содироти маҳсулоти коркарди саноатии Тоҷикистон ба ҷазираҳои Вирҷин рост меояд.   

Албатта имкони содироти маҳсулоти коркарди саноатӣ, агар ҳатто он вуҷуд дорад, ба ҷазираҳои Вирҷин бисёр баъид аст, чун Тоҷикистон ҳеҷ чунин коркарде надорад, ки бо истеҳсолкунадагони дигар рақобат дошта бошад ва харидорон аз ҷазираҳои дури Вирҷин ба он таваҷҷӯҳ кунанд. Баъдан интиқоли маҳсулот аз Тоҷикистон ба онҷо хароҷоти ҳангуфте дорад, ки ҳатто дар сурати пайдо шудани кадом маҳсулоти рақобатпазире, қимати онро аз маҳсулоти рақибонаш хеле болотар мебарад ва харидорро водор месозад маҳсулоти рақибро баргузинад.

Вале, ба ҳар ҳол, бигзор рост бошад ва тахмин ҳам задем, ки чуни маҳсулоти коркарди саноатии нодире дар Тоҷикистон пайдо шуда, ки аз худи ҷазираҳои Вирҷин харидор пайдо кард. Аммо Нурмуҳаммадзода маҳсулоти кишоварзиро қабл аз маҳсулоти коркарди саноатӣ зикр мекунад, пас ҳаҷми содироти аввалӣ аз дувуми бештар аст. Ба оморсози аввали кишвар бовар мекунем ва тахмин мезанем, ки аз 16,2 млн доллар 6,2 млн.ашро маҳсулоти коркарди саноатӣ ва 10 миллионашро маҳсулоти кишварзӣ ташкил медиҳанд. 

2. Тоҷикистон ба ҷазираҳои Вирҷин танҳо пиёз содирот карда метавонист

Тибқи додаҳои мақомоти дигари кишвар, аз ҷумла Вазорати кишвоарзӣ, дар соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар, зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. 

Аз ин ҳисоб, 10 миллион долларе, ки гӯё ба ҷазираҳои Вирҷин содир шудааст, беш аз 17 дарсади тамоми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ташкил медиҳад! 17 дарсад, Карл! Агар чунин иттифоқе меафтод, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз аввалин маҳмулаи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҷазираҳои Вирҷин нарасида ба лоф задан аз он шурӯъ мекарданд. Аммо дар ҳеҷ додаи ҳеҷ мақомоте ҷазираҳои Вирҷин чун ҳадафи содироти маҳсулоти Тоҷикистон зикр намешавад. Дар оморҳои дигар гуфта мешавад 80 дарсади маҳсулоти кишоварзиии Тоҷикистон ба Русия содирот мешавад. Барои мисол, Радиои Озодӣ Тоҷикистон 80 дар сади маҳсулоти кишоварзиашро ба Русия мефурӯшад ва танҳо дар 6 моҳи аввали соли гузашта ба он кишвар бештар аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхтаанд. Аҳмадҷон Қодиров, намояндаи вазорати кишоварзӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Мо ба Русия пиёз, меваи тару хушк, маҳсулоти полезӣ ба мисли тарбузаву харбуз, содир мекунем, аз меваи хушк бештар зардолуи хушк ва амсоли он содир мешавад.”

12-15 дарсади содирот ба Қазоқистон анҷом мешавад ва танҳо 5-8 дарсад ба кишварҳои дигар. Барои ҷазираҳои Вирҷин ҳеҷ ҷое боқӣ намонд.

Вале боз ҳам фарз мекунем, ки мақомоти дигар содирот ба ҷазираҳои Вирҷинро ҳам ба Русия пайвастаанд. Масалан ба он хотир, ки он тавассути кадом бандари Русия анҷом мешавад (“подсказка” барои Нурмуҳаммадзода).

Аммо дар ин сурат ҳам ҳеҷ роҳи фироре барои раиси Ожонси омор боқӣ намемонад. Тибқи Вазорати кишоварзӣ, зиёда аз 40% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот — 76,6 ҳазор тонна ташкил медиҳад, аз ҷумла 66,6 ҳазор тоннааш пиёз мебошад. Ҳаҷми содироти мева 29% аз ҳаҷми умумӣ ё худ 54,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 30% дигараш шояд полезиҳову консерваҳо бошанд. 

Аз ин ҳаҷм танҳо пиёзро метавон ҷудо кард ва гуфт, ки имкони содироташ ба ҷазираҳои Вирҷин вуҷуд дошт. Чун агар мева ё полезиву консерва тахмин занем, бояд кулли он ба ин ҷазирашои кӯчак фиристода мешуданд ва русҳои бечора аз меваҳои биҳиштии Тоҷикистон батамом маҳрум мегаштанд. Ҳоло як лаҳза тасаввур кунед, ки ҷазираҳои Вирҷин аз Тоҷикистон пиёз мехаранд, агар хандаатон нагирифт, мо ҳам тарафдор.

3. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба ҷазираҳои Вирҷин тақрибан ғайриимкон аст

Аз ҳамаи инҳо бигзарем ва тасаввур кунем, ки ба ҳар ҳол таҳти таъсири кадом омиле содирот ба ҷазираҳои Вирҷин аз назари мақомоти дигар афтодааст. Аммо аз нигоҳи қоидаҳои ҳамлунақл ҳам ин кор ғайриимкон аст. Ҷазираҳои Вирҷин ҳамон гуна, ки аз номашон ҳам маълум аст, дар уқёнус қарор доранд ва агар то ин замон намедонистед, бо вуҷуди ин ки ба Бритониё таалуқ доранд, дар қитъаи Амрико, наздикии Куба воқеъ шудаанд. Барои он ки пиёзи Тоҷикистон ба онҷо расад, бояд аввал ба яке аз бандарҳои наздик, масалан Қарочии Покистон ё Бандар Аббоси Эрон бурда шавад. Аз онҷо ба киштӣ бор карда шуда, ними Уқёнуси Ҳинд ва кулли Уқёнуси Атлантикро бо давр задани Африқо бипаймояд ва ба ин ҷазираҳои дар умрашон пиёзнадида бирасад. 

Аз қазо, пиёз дар Ҳаитиву Куба, ки дар ҳамсоягии ин ҷазираҳо қарор доранд, даҳ баробар аз Тоҷикистон арзонтар аст. Ва меваву полезиҳояшон ҳам бамаротиб хушлаззаттар аз меваҳои Тоҷикистон. 

Танҳо як шарти имконпазири содироти хушкмеваи (танҳо хушкмева) Тоҷикистон ба ҷазираҳои Вирҷин вуҷуд дорад: мардуми ин ҷазираҳо паёми “пешвои муаззами тоҷикон”-ро дидаанд ва бовар кардаанд, ки меваҳои Тоҷикистон аз меваҳои биҳишт (ки “пешво” онҳоро ҳам аз куҷое чашидааст) ҳеҷ фарқе надоранд ва бояд бо ҳар қимате шуда, онро бихаранду бичашанд.   

Аммо чаро маҳз ҷазираҳои Вирҷин?

Ҳамон гуна, ки дар аввали мақола гуфтем, Нурмуҳаммадзода чун дар собиқ раёсати Бонки миллиро бар ӯҳда дошт, ҳатман медонад, ки интиқоли маблағ аз як кишвар ба кишвари дигар бо чӣ шартҳое инконпазир аст. Яке аз шартҳои интиқоли маблағ ин аст, ки он бояд ба ивази моле пардохт шавад. Шумо наметавонед бидуни зикри ҳадафи интиқол, маблағеро аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол диҳед. Он ҳам маблағе ба ин бузургӣ.

Ҳамаи ин дурӯғбофиву шармандагии раиси Ожонси омор ва собиқ раиси Бонки Миллӣ ҳам ба ҳамин нукта бармегардад. Ҳамоне, ки ин маблағро аз суратҳисоби бо гумони ғолиб офшории ҷазираҳои Вирҷин ба Тоҷикистон интиқол додааст, ҳадафи интиқолро хариди кадом намуди маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатӣ нишон додааст. 

Ҳоло ин интиқол интиқоли шахсии Ҷамолиддин Нурализода, домоди раисҷумҳур ва молики ширкати IRS буд, ки аз қазо дар ҷазираҳои Вирҷин сабти ном шудааст ва ё интиқол ба нафъи буҷа (чун расман аз он ёд мешавад) масъалаи дигар аст. 

Имкон дорад падарарӯсаш, ки ба Нурализода хашм гирифтаву аз мансабҳо барканораш мекунад, ба ӯ супориш дода бошад ба нафъи буҷа ва ё кадом нафари хонавода (масалан худаш) 16,2 млн доллар аз пулҳои дуздидаву ғораткардааш интиқол диҳад. 

Аммо ин ҳеҷ қисмате аз рӯи сиёҳшудаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро, ки қаблан дар Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нурализода расман муовинаш буду амалан корфармояш, сафед намекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *