Рубрики Хабарҳо

Тарафдории устоди рӯзноманигорон ва раҳбари китобхонаи Душанбе аз латукӯби журналист

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва  Абдуқодир Талбаков, раҳбари китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз латукӯбӣ Абдулло Ғурбатӣ зимнан дастгирӣ кардаанд

Устоди факултаи журналистӣ ва раҳбари устодони ин факулта, ки мебоист аввалин шуда бо сахттарин ваҷҳ аз шогирдаш дифоъ мекард, бо як навиштаи танзомез, Ғурбатиро ба масхара гирифтааст. Ӯ менависад (бидуни таҳрир):

“Рости гап ин дафъа дилам ба Авазмат Ғурбатӣ сӯхт. Кам-кам рӯзноманигор бояд машқи ҷисмонӣ кунад, то бо усулҳо (приёмҳо) худро аз ҳар нафарак муҳофизат карда тавонад. Бисёр, ки нашавад, ақаллан давиданро  ёд гирад (қочмага номард). Ин чӣ хел мешавад, ки занандату рост истодан гирӣ!

Дигар: Дар атрофи ун деҳа чӣ қадр гапҳо шуда буд, росту дрӯғ бисёр навиштанд. Мардум ҳам аз ин хабарҳо безор шуда буд. Яъне то рафтани Ғурбатиро аллакай шаттаҳо пухта тайёр шуда буданд. Азия плюс ҳам бояд ин осебпазирро равон намекард!” 

Ин ду аз ҳомиёни сарсахти сиёсати Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд. Дар ҳоле, ки аксари қаламбадастони тарафдори раисҷумҳур таҳти номҳои мустаъор ва фейкӣ менависанд, ин ду бо номҳои худ ва бидуни истиҳола ба мухолифин ва мунтақидони Раҳмон метозанд. 

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Саъдӣ Маҳдӣ аз аъзои фаъол ва яке аз раҳбарони иҷроияи “Фермаи ҷавоб” буда, чанд устоди факултаи зери раҳбариашро ҳам ба он ҷалб кардааст. Ин устодон бештар ба навиштани ҷавоб ба раҳбарияти мухолифин машғуланд. Ба кори фабрика бархе аз донишҷӯёни факулта ҳам ҷалб шудаанд, ки бештар бо баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд.  

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди мухолифати сахти Абдуқодир Талбаков бо мухолифин ва мунтақидони ҳукумат, далел ё иттилоъе дар бораи узви “Фабрикаи ҷавоб” будани ӯ вуҷуд надорад. Ғайр аз ҳамлаҳои лафзӣ ва истифодаи алфози қабеҳ дар қиболи мухолифону мунтақидони ҳукумат, ин китобдори рақами аввали потахт бо постҳои шӯрангезаш маъруф аст.

Аксари постҳои ӯ алайҳи диндорони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронида шуда, Талбаков ба онҳо “фанатик” хитоб мекунад. Бо вуҷуди пур аз таҳқиру ба гуфтаи худи мақомот “барангезандаи кинаву адовати миллӣ ва динӣ” будани постҳои Талбаков, ҳеҷ мақоме то ҳол ӯро бозпурсӣ накардааст. Аз ин рафтори мақомот бо ӯ ва пуррӯии ҳамешагии Талбаков бисёриҳо ба ин назаранд, ки аксари навиштаҳои ӯ супоришианд.

Дар ҳамин ҳол, бархе ба ин назаранд, ки ин китобдор бештар дунболи ҳангома аст ва чун навиштаҳои зиддидиниаш ангезаи ҷаонони диндорро бедор карда бо ӯ вориди баҳс мешаванд, Талбаков амдан ин гуна масоилро пайгирӣ мекунад. 

Аз тарафи дигар вокуниши билофосилаи ӯ ба ҳар суханронӣ ва мақолаҳои тундӣ мухолифину мунтақидон бисёриҳоро ба ин натиҷа расондааст, ки Талбаков ҳам узви “Фабрикаи ҷавоб” аст. 

Қаблан як таҳқиқоти анҷомдодаи Радиои Озодӣ нишон ҳам додааст, ки дар «Фабрикаи ҷавоб» ҳади ақал 400 нафар ҷалб шуда, аксари ниҳодҳои давлатӣ дар он саҳм доранд. Китобхонаҳо ҳам ниҳоди давлатӣ маҳсуб мешаванд ва баъид нест, ки Талбаков ҳам бо чанд зердасташ шомили он бошад. 

Тибқи он тадқиқот ба “фабрика” на танҳо кормандони мақомоти иҷроия, муаллимони донишгоҳҳо, ҳатто кормандони гумрук низ ҷалб гардидаанд. 

Паём ҳам номаи чанд нафар аз кормандони Вазорати маориф бо шумули муаллимон ва устодони донишгоҳро дарёфт кардааст, ки мегӯянд онҳоро масъул кардаанд алайҳи мухолифин мақолаву раддияҳо нависанд. 

Як устоди донишгоҳ дар номааш иқрор кардааст, ки ӯро маҷбур ба навиштани 4 мақола алайҳи мухолифин кардаанд. “Барои каффораи ин дурӯғҳо ман ба зудӣ чанд мақола бо имзои мустаъор алайҳи ин ҳукумати ношуд навишта ба шумо мефиристам, лутфан чоп кунед” — мегӯяд ин омӯзгор дар номааш. 

Як корманди ҳукумати ноҳияи Ашт ба мо навиштааст чанд нафар аз кормандони мақомоти иҷроия ва соҳаҳои буҷавиро ҷамъ карда, тиме барои посухнависӣ ба мухолифину мунтақидон таъсис додаанд. “Худо мегӯем, ки агар Муҳиддин Кабирӣ баромад карданӣ шуд, рӯзона баромад кунад. Чунки моро маҷбур мекунанд, ки то охири баромадаш дар интернет нишаста бар зидди ӯ комент нависем” — мугӯяд ӯ. 

Шавоҳиди зиёде нишон медиҳанд, ки чунин тимҳо дар бештари ноҳияҳои кишвар таъсис дода шудаанд. 

Радиои Озодӣ ҳам дар таҳқиқоташ бо истинод ба манобеъаш дар Вазорати маориф навишта буд, ки ин вазорат сари ҳар чанд гоҳ ба гурӯҳе аз омӯзгорон ва донишҷӯён дастур медиҳад, ки зидди афроде дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадо баланд кунанд ё аз вазир ва ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳимоят намоянд.

Чанд манбаъи мо мегӯянд, ки “Фабрикаи ҷавоб” бо дастури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов таъсис шудааст, вале ҳузури чанд мақоми баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ дар идораи он, ширкати фаъоли гурӯҳи “Авангард” дар маъракаҳои “фабрика” ва шавоҳиди дигар ба ин хулоса мебаранд, ки дар таъсиси он ҳам КДАМ ва ҳам ВКД даст доранд.  

Мушоҳидаҳо дусолаи мо нишон доданд, ки “ихтиёриён”-и “фабрика” ё ба истилоҳи Бег Сабурӣ “доброволетсҳо”-и он замоне бештар фаъол мешаванд, ки аз Саймуъмин Ятимов, Рамазон Раҳимзода ё Нуриддин Саид (вазири қаблии маориф) интиқод шавад. Гоҳе “ихтиёриён” дар ҳимоя аз ин се нафар бештар мекӯшанд ки дар ҳимояи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон. 

Радиои Озодӣ ҳам дар таҳқиқоти зикршудааш навишта буд, ба санадҳое бо имзои муовини вазири маориф Раҳматулло Мирбобоев даст ёфтааст, ки дар онҳо аз “гуруҳҳои таҳлилӣ-иттилоотӣ” ёд мешавад, ки ҳар кадом раҳбари худро дорад. Ва дар паёмҳое аз номи як масъули аршади вазорат ба ин гуруҳҳо дастур дода мешавад, ки имшаб бояд дар кадом мавзӯъ нависанд ё дар кадом баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ширкат кунанд ва натиҷаи корашонро “принтскрин” кардаву гузориш диҳанд.

Ҳамчунин афрод вазифадоранд, дар ҳар се рӯз як мақолаи «фошкунанда» нависанд ва мунташир намоянд.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, дастури ҳамла ба ин ё он нафар ба кормандони “фабрика” аксари вақт аз ҷониби Кумитаи амният мерасад. Барои мисол як корманди шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан менависад: “Як куратори амниятӣ дорем. Рӯзи баромади Кабирӣ ё ягон конференсияи оппозитсия меояду ба мо фармон медиҳад, ки ҳар кас бояд чӣ қадар коммент нависад. Мегӯяд, ин хоинҳоро фақат аз зану модараш дашном кунед”.

Хилофи принсипҳои як устоди донишгоҳ ва рӯзноманигор рафтор кардани Саъдӣ Маҳдиву истеҳзояш ба шогирди рӯзноманигораш, ҷонибдории китобдори рақами аввали пойтахт Абдуқодир Талбаков аз латукӯби як рӯзноманигор, изҳори тарафдории даҳҳо аъзои “фабрика” аз навиштаи ин ду, метавонад гувоҳи он бошад, ки ҳам ҳамла ба Абудуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳам маъракаи сиёҳсозии ӯ аз як ҷо идора мешавад. 

Мо шавоҳиди ва далоили зиёде дар бораи “Фабрикаи ҷавоб”, раҳбарону аъзои аршад ва қатории он ҷамъоварӣ кардаем. Ба зудӣ таҳқиқот бо арқому далоили бештар нашр хоҳад шуд.   

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *