Рубрики Pressa

Вохӯрии раиси вилоят бо дастаҳои футболи Лигаи дуюм ва дастаи «Эсхата»


Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо намояндагони дастаҳои футболи Лигаи дуюм ва дастаи футболи «Эсхата» вохӯрӣ намуд.

Дар рафти мулоқот раиси вилоят клуби футболи «Эсхата»-ро ба муносибати роҳ ёфтан ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон табрик намуда, ба футболбозону мураббиён ва роҳбарияти даста дар ин рақобати муҳим муваффақият орзу кард. Бо мақсади ҳавасмандсозии бозингарон ва дастгирии минбаъдаи даста мукофоти молиявӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба КФ «Эсхата» тақдим карда шуд.

Дар идома Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ва роҳбарони дастаҳо дастур дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳо кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси вилояти Суғд изҳори умед намуд, ки бо талошҳои муштарак ва ҳамкории судманд футбол дар вилояти Суғд ба сатҳи нав мебарояд ва дастаҳои вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ натиҷаҳои баландро соҳиб мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *