Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва нафари дасти рости Ҳасан Асадуллоҳзода се руз мешавад, ки нопадид шудааст ва аз ӯ дараке нест.
Шоми 23-уми июн Шуҳратро аз назди манзили зисташ, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чанд нафар дар мошини сабукрави “Ҳундай Соната”-и рангаш сиёҳ савор карда ба самти номаълум бурдаанд.
Тафтиши мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе маълум кардааст, ки рақами мошин қалбакӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол ба Радиои Озодӣ яке аз дӯстони Исматуллоев бо шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки аз замони нопадид шуданаш рақамҳои телефонаш кор намекунад.
Тафтиши камераҳои назоратӣ нишон додааст, ки ӯро аз маҳаллаи 8-уми март ба мошин савор кардааанд, ба самти ноҳияи Варзоб бурдаанд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ваъда кардааст, нафароне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат ва ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад.
Гуфтанист, Шуҳрат Исматуллоеви 47-сола, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати «Тоҷик эйр» аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад.
Шуҳрат Исматуллоев солҳост, ки муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буда, кори ин бонкро аслан ҳамин нафар пеш мебурдааст.