Рубрики Хабарҳо

Барои таҳқиқи ҳодисаи тирпарронӣ дар фурӯдгоҳ, намояндагони Тоҷикистон ба Молдова рафтанд

Барои таҳқиқи ҳодисаи тирпарронӣ аз ҷониби шаҳванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кишинёв намояндагони дипломатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба Молдова рафтанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ .

Тибқи иттилоъи манбаъ “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сафорати Тоҷикистон дар Молдова барои ҳамкории бо ҳамтоҳояшон аз Молдова ҷиҳати ошкор намудани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба шаҳри Кишинёв фиристода шуданд”. Гуфтанист, Тоҷикистон дар Кишинёв сафорат надорад ва сафорати Тоҷикистон дар Укроин вазифаи намояндагӣ дар ду кишварро ба дӯш дорад. 

“Ба хонавода ва пайвандону наздикони шаҳрвандони кушташудаи Молдова изҳори ҳамдардии амиқ намуда, бори дигар таъкид мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкории комил бо Молдова омода аст”, — зикр кардаанд дар Вазорат.

Рӯзи 30 июн расонаҳо аз тирпарронӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кишинёв аз тарафи як марди мусофир ҳангоми гузаштан аз санҷиш дар сарҳад хабар доданд. Дертар сарвазири Молдова Дорин Речан дар хабар дод, ки омили ин тирпарронӣ шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон мебошад. Ҳодиса баъди радди вуруди ӯ ба Молдова рух додааст.

Мард ҳангоми интиқолаш ба “минтақаи озод”, ки аз он ҷо бояд хатсайри бозгаштро интизор мешуд, таппончаи хидматии намояндаи пулиси сарҳадро гирифта, ба сӯи сарҳадбон ва корманди фурудгоҳ тир мепаронад. Ҳам сарҳадбон ва ҳам корманди фурудгоҳ ҳалок шуданд.

Воҳиди таъиноти махсуси “Молния”, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад, тавониста ки марди тоҷикро “безарар” гардонанд. Ӯ шадидан захмӣ шуда ва ҳоло дар кома қарор дорад. 

Рӯзи 1 июл Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши изҳорот иддао кард, ки Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв (Молдова) тирпарронӣ кард, дар бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад.

Дар гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки пас аз тирпаронӣ боздошт шуд, яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад, ки корманди бонкро рабуданд.

“Пас аз содир намудани ҷиноят Ашӯров ба Туркия ва сипас ба Кишинёв рафта, вақте ки ӯро боздошт карданӣ мешаванд, тирпаронӣ кард ва ду нафарро ба ҳалокат расонид”, — зикр шуд дар изҳорот.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Рустам Ашӯров ярадор ва дастгир шудааст. Додситонӣ хабар додааст, ки Рустам Ашӯров сокини 43-солаи шаҳри Душанбе мебошад. Аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар брифинги иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли кишвар Ион Мунтяну изҳор шуд, ки мақомоти Молдова Рустам Ашӯровро истирдод карданӣ нестанд.

“Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард, ба ватан истирдод намешавад. Мурофиаи судии ӯ дар Молдова доир гардида, дар ин ҷо нисбат ба Ашӯров парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳодисаи тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв амали террористӣ набуда, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи айбдорӣ ба куштор оғоз гардидааст. Ба ӯ ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад”, — гуфтааст ӯ.

Бархе расонаҳо хабар додаанд Рустам Ашуров шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *