Минтақаи махсуси маъмурии Ҳонконг дар ҷумҳурии халқии Чин ҷойгир шудааст, ки бо номҳои Сянган ва Ҳёнкон ҳам дучор меояд. Айни ҳол яке аз минтақаҳои ҷиҳати тиҷорӣ пешрафтаест, ки хато намекунем, агар гӯем маркази молии Осиё аст. Мавқеи ҷойгиршавиаш нимҷазираи Коулун ва аз самти ғарбу ҷануб бо баҳри ҷанубии Хитой савоҳилаш шуста мешаванд. Иборат аз 262 ҷазираҳои хурду бузург буда, калонтаринаш Лантау ва сераҳолитарин ва маъмултараш Ҳонконг ном дорад, ки аз ин ҷо номи минтақа ҳам гузошта шудааст. Пойтахт надорад. Саршумори аҳолӣ то нимаи моҳи августи соли 2019-ум 7 миллиону 537 ҳазору 950 нафар. Масоҳати кишвар 1106 км мураббаъ, ки дар бузурги ҷойгоҳи 182-юмро ишғол мекунад. Коди телефон +852. Воҳиди пули миллӣ доллари Ҳонконг. Озодии динӣ ва риояи удуми динӣ тавассути қонун иҷоза дода шудааст. Намояндагони дину мазоҳиби муҳталиф ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла бутпарастӣ, тоунӣ, масеҳият, ислом, ҳиндуизм ва сикхизм. 600 маъбади бутпарастон вуҷуд дорад, калонтарин масҷид соли 1852 сохта шуда, маркази исломӣ низ ин ҷо амал мекунад. Инчунин 300 ҳазор насрониён ва 250 ҳазор мусалмонон озодона зиндагӣ мекунанд.
Иқтисодиёт
Иқтисодиёти Ҳонконг бо сатҳи баланди ҳимояи сармоягузорӣ, инчунин маҳдудиятҳои ҳадди ақал дар савдо ва ҳаракати сармоя пеш рафтааст. Дар соли 2012, Ҳонконг бозори аз ҳама рушдёфтаи молиявӣ буд. Аз ҷиҳати фазои мусоиди тиҷорат дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор гирифта, яке аз се кишварҳои беҳтарини дунё барои пешбурди тиҷорат буд, дар қатори се кишвари ҷиҳати иқтисоди пешрафтатаринҳо шомил буд ва дар қатори даҳгонаи беҳтарини рақобатпазири олами тиҷорат. Соли гузашта, яъне соли 2018-ум ба миқдори 136 миллиард доллар мавод содирот ва 608 миллиард воридот ба амал омадааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохила 341 миллиард долларро ташкил дода, ба ҳар сари аҳолӣ 61, 5 ҳазор доллар рост меояд. Имтиёзҳои зиёде барои тоҷирон ин ҷо роҳандозӣ шудааст, масалан андоз аз арзиши иловагӣ умуман вуҷуд надорад.
Молу маводи беҳтарини содироти Ҳонконг, ки пуркунандаҳои хазинаи кишвар мебошанд: Тилло (25,6 миллиард доллар), Таҷҳизоти пахш ( ) (12, 6 миллиард доллар) Мадорҳои муҷтамаъ (7, 53 миллиард доллар) Алмос 5, 4 миллиард доллар, ва телефонҳои мобилӣ 3, 79 миллиард доллар. Қисмҳои эҳтиётии мошин 28, 6 миллиард ва дигар маводҳо дар бозори иқтисодии ҷаҳон ҷойгоҳи хосаеро ишғол намудаанд. Самтҳои беҳтарину доимӣ, яъне ҳамкорони тиҷорӣ ва харидорони доимии маводҳои истеҳсолоти Ҳонконг кишварҳои мазкуранд: Ба давлати Хитой ба миқдори 16, 4 миллиард доллар, Тайланд 12,5 миллиард доллар, Ҳиндустон 10,3 миллиард доллар, Ветнам 10,1 миллиард ва дигар давлатҳои хурду бузурги Осиё 12 миллиард доллар содирот мешавад.
Маорифи кишвар низ ба таври махсуси замонавӣ густарда шудааст. Барои ҳафтуним миллион аҳолӣ 1000 адад мактаби миёна амал мекунад. Марказҳои таҳсилоти иловагӣ бешумор буда, ҳар куҷое метавонанд фаъолият пеш баранд. Ҳатто дар дӯконҳо ва меҳмонхонаву таҳхонаи биноҳо. Яъне, мардум ин ҷо ба омӯзиш диққати ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Одати аҷибе доранд мардуми Ҳонконг, ки аз пешрафту истеъдод ва саводнокии фарзандонашон ифтихор карданро дӯст медоранд. Гӯшаи ифтихорномаву тӯҳфа ва ҷоизаҳо дар утоқи сарвари мактаб набуда, махсус дар ҷойи намоён ташкил карда шудааст. Мактабҳои типи махсус толибилмонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ имтиҳон карда даъват менамоянд.
Зинаи якуми таҳсил боғчаи бачагона буда се сол идома меёбад ва ҳатмӣ шуморида намешавад. Ин зина ройгон нест. Зинаи дувум таҳсилоти ибтидоӣ 6 сол давомнокӣ дорад. Дарси динӣ дар қатори дарсҳои иловагӣ танҳо рӯзҳои шанбе омӯзонида мешавад ва ба намояндаи ҳар дин муаллими хоси дини худашро таъмин мекунанд. Зинаи сеюми таҳсил барои гирифтани маълумоти миёна буда, он низ ҳатмӣ ҳисобида мешавад. Тақрибан 10% мактабҳои таҳсилоти миёнаи Гонконг аз рӯи ҷинс тақсим карда мешаванд, ки барои системаи Бритониё маъмул буд. Ҳамаи хонандагони мактабҳои ин сатҳ дар доираи барномаи умумӣ таҳсил мегиранд. Зинаи чоруми таҳсил низ ҳатмӣ нест. Ин давра ду сол идома меёбад ва хоҳишмандон як самтро аз илм, фарҳанг, ё тиҷорат интихоб мекунанд. Зинаи панҷум ҳам ду сол тӯл мекашад, ки хонандагони хоҳишманд барои дохил шудан ба донишкадаҳои тиббӣ, муҳандисӣ ва ғайра омода мешаванд. Зинаи шашум дар донишгоҳу донишкадаҳо фаро гирифта мешаванд. Умуман Ҳонконг 22 адад донишгоҳу донишкада дорад.
Як қатор маълумоти омехтаву аҷиб дар бораи ин кишвар, то соли 1997 Ҳонконг таҳти назорати Бритониё буд, баъдан дар назорати ҷумҳурии халқии Чин карор грифт. Аз чор се ҳиссаи кишвари Ҳонконгро ҷангалзори анбӯҳ ташкил мекунанд. Дар Ҳонконг ду забон забони расмӣ маҳсуб меёбанд-чинӣ ва англисӣ. Дар нарху навои баланди маҳсулот ин кишвар монанди Сингапур аст. Бештари нақлиёти масиргарди мусофиркашон аз ду ошёна иборатанд. Амволи ғайриманқул дар Ҳонконг гаронтарин дар дунёст. Гонконг ҳам яке аз покизатарин кишварҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар ҷазираи Лантау бути калонтарини дунё аз метали биринҷи сохта шудааст, ки дар ҳолати нишаста қарор дорад. Дар ин кишвар солиёни зиёд боз иншооти камтар аз 30 ошёна намесозанд, чунки қитъаи заминро сарфа мекунанд. Аз Ню-Йорк ҳам бештар ин ҷо биноҳои осмонбӯси 150-метра мавҷуданд. Ҳаракати нақлиёт ин ҷо чапхатта аст. Соли 1998 фурудгоҳе бино шуд, ки беҳтарин фурудгоҳи дунё дониста мешавад. Як одати аҷибе дар байни мардуми ин кишвар вуҷуд дорад, ки баъди марги инсон, тамоми ҷиҳозашро оташ мезананд. Боз истифодаи фейрверк-мушакҳо ин ҷо қонунан манъ карда шудааст. Боз як нуктаи аҷиб ин, ки рақами 14-ро мардуми ин ҷо бехосият мешуморанд.
Соима Саидӣ