Кумитаи олимпии милии Тоҷикистон тасми гирифтааст Сомон Маҳмадбеков, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо аз Тоҷикистонро бо маблағи “бузург” – 10 ҳазор сомонӣ, ки баробар ба 1030 доллар аст қадрдонӣ кунад.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон унвони қаҳрамониро ба даст овард, фардо ба кишвар бармегардад. Баъди пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон, Маҳмадбеков дар радабандии дзюдочиёни ҷаҳон байн ҷавонон аз мақоми 58-ум ба мақоми аввал баромад.
Кумитаи олимпӣ тасмим гирифтааст ӯро дар фурӯдгоҳ бо тантана пешвоз гирад ва ин ҷоизаи хандаоварро тақдим кунад. Ин маблағ ҳатто ба роҳкирои Сомон намерасад.
Шояд бисёриҳо ба ин назар бошанд, ки Кумитаи олимпӣ маблағи сафари варзишгарон ба хориҷро пардохт мекунад. Аммо чунин нест. Варзишгарон аз ҳисоби худашон сафар мекунанд.
Тадқиқоти Паём дар ин бора ба зудӣ нашр хоҳад шуд.