Алайҳи Тоҳир Рузибоев, мудири литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва зердастонаш бо иттиҳоми аз худ кардани маблағҳои ин мактаб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Агентии мубориза коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Рузибоев бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосибу муҳосибаш 842 ҳазору 756 сомонӣ пули аз сӯи волидайни хонандагон барои таҳсил, хобгоҳ ва китобҳои дарсӣ пардохтшударо ба хазина ворид накарда, ба ҷайби худ задаанд. Ҳамин тавр, Рузибоев бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиб ва мудири анбор тавассути ширкати “Файзи Музаффар” дар бораи гӯё аз ин ширкати харидани молу маҳсулот ба маблағи 1 миллиону 640 ҳазор сомонӣ асноди қалбакӣ сохта, ин маблағро ҳам тасарруф кардаанд.
Дар ҳамин асос, нисбати Рузибоев Тоҳир Бекмуродович, Бабақулов. ва дигарон бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Паём ин боздошт ва парвандакуниро ғаразнок дониста, гуфтанд, ки гурӯҳе мехоҳад бо ин роҳ ба рақобат дар таълим хотима диҳад. Тадқиқоти Паём дар ин бора ба зудӣ нашр хоҳад шуд.