Дар рӯзҳои оянда дар нишасти бузурги Русия бо кишварҳои африқоӣ дар Сочӣ Путин мизбони 42 тан аз руасои ҷумҳурӣ ва панҷ тан аз нахуствазирони қораи Африқо хоҳад буд. Дар ин нишаст пеш аз ҳар чиз мавзӯъ бар сари миллиардҳо доллар мубодилоти тиҷорӣ аст.
Дар фурудгоҳи Сочӣ занони ҷавоне бо либосҳои рангоранги казакӣ дар ҳоле, ки нон ва намак дар даст доранд мунтазири вуруди раҳбарон ва сарони кишварҳои африқоӣ ҳастанд. Барои меҳмонони африқоӣ дар Сочӣ дидор аз фестивали мусиқӣ ва рақси рӯйи ях, боздид аз вилои Столин ва ошноӣ бо ғизоҳои мутанаввеъи суннатии русӣ барномарезӣ шудааст. Расонаҳо аз “истқболи ҳаддиаксарии Русия аз Африқо” навиштаанд.
Дар “нишасти сарони Русия – Африқо”, ки барои нахустинбор дар канори дарёи сиёҳ баргузор мешавад Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мизбони 47 тан аз руасои ҷумҳурӣ ва нахуствазирони кишварҳои африқоӣ аст. Рӯзномаи “Комсомлская правда” дар иртибот бо “истқболи бесобиқа ва камназири Русия аз меҳмонони африқоӣ” навиштааст, ки “Владимир Путин танҳо барои даст додан бо так-таки меҳмонон ва табодули чанд калима бо онон ба як соат вақт ниёз дорад”.
Дар ин нишаст ҳамчунин беш аз даҳ ҳазор тан аз туҷҷори русӣ ва африқоӣ ширкат мекунанд. Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, раисҷумҳури Миср, ки дар ҳоли ҳозир раҳбарии Иттиҳодияи Африқоро низ бар ӯҳда дорад, дар канори Путин ҳузур хоҳад дошт. Миср дар ҳоли ҳозир бузургтарин шарики тиҷории Русия дар қораи Африқост.
Путин дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт: “Африқо ба таври физояндае ба қорае пур аз имконот табдил мешавад.” Раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт: “Ин қора дорои захоири азими манобеъи табиӣ аст ва ҷаззобияти иқтисодии беназире дорад.”
Русия таъминкунандаи беш аз як севвуми кулли силоҳҳои мавриди истифода дар Африқо
Ҳеҷ кас мункири ин воқеият нест, ки таваҷҷуҳи Русия ба қораи Африқо барои касби даромад бештар ва манофеъи тиҷорӣ аст. Дар соли 2018 мелодӣ мизони мубодилоти тиҷорӣ Русия бо кишварҳои африқоӣ болиғ бар 20 миллиард доллар буд, яъне ҳудуди яксевуми мубодилоти тиҷории Амрико бо қораи Африқо. Дар ҳоли ҳозир мизони тиҷорати Чин бо ин қора солона ҳудуди 150 миллиард доллар ва иттиҳодияи Аврупо 300 миллиард доллар аст.
Таваҷҷуҳи бозори Русия ба маводи хоми санъатӣ, дар дараҷаи аввал ба захоири нафт ва газ ва ҳамчунини алмос дар Африқост. Русия аммо дар бахши таслиҳот, энерҷии ҳастаӣ ва зерсохтҳои иқтисодӣ қудрати рақобат дар бозори Африқоро надорад.
Бар асоси пажӯҳиши муассисаи таҳқиқоти сулҳи Стокголм (SIPRI) Русия дар панҷ соли гузашта наздик ба 800 миллион доллар таҷҳизоти ҷангӣ дар ин қора фурӯхтааст.
Ҷойи нигаронӣ низ барои рақибони Русия нисбат ба ҳузури сарбозони муздури рус дар Африқо вуҷуд надорад. Гуфта мешавад, ки теъдоде аз ин сарбозон дар “Гурӯҳи Вагнир” зери назари Евгений Пригожин, сарошпази собиқи Путин дар Африқои марказӣ ва Либия ба сар мебаранд. Ин гурӯҳ дар канори нерӯҳои генерал Халифа Ҳафтар, аз фармондеҳони низомии собиқи Либия, алайҳи давлати марказии ин кишвар меҷанганд, ки аз сӯи Созмони милали муттаҳид ба расмият шинохта шудааст.
Дар Мозамбик низ қарор аст дасти кам 200 тан аз сарбозони муздури русӣ бо чархбол ва васоили нақлияи зиреҳӣ мустақар шаванд то аз майдонҳои нафтӣ ва захоири гази иктишофӣ дар шимоли ин кишвар дар муқобили “ҳамлоти террористӣ” муҳофизат кунанд. Маскав дар муқобил бо қарордодҳои иктишофи пурсуд дар ин ҳавзаҳо ҳазинаи муҳофизони русиро ҷуброн мекунад. Ҳизби ҳокими “Ҷабҳаи озодсозии Мозамбик” низ, ки беш аз 50 сол аст ба Маскав вафодор аст наздикии худро ҳамчунон ба Русия нишон медиҳад. Дар интихоботи ахири Мозамбик, ки 13 октябр анҷом шуд дубора намояндаи ин ҳизб бо вуҷуди эътирози нерӯҳои опозисиюн нисбат ба дасткорӣ дар интихобот, ба пирӯзӣ расид.
Сармоягузории 60 миллиарди Чин дар Африқо дар соли оянда
Бадеҳӣ аст, ки Русия дар нишасти Сочӣ боз ҳам бар аҳдофи сулҳомези ин кишвар дар Африқо таъкид хоҳад кард ва дар ин ҷиҳат ба сохтани хутути оҳан, нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ва саноеъи созгор бо муҳити зист дар ин қора ишора мекунад.
Ба ғайр аз Миср, ки дар ҳоли ҳозир дар он коршиносони русӣ машғули сохтани нерӯгоҳи ҳастаии наздик ба 30 миллиард долларӣ ҳастанд, Русия қарордодҳои аввалияеро низ бо Нигерия, Уганда, Руанда ва Гано дар ин замина ба имзо расондааст.
Пеш аз ин дар Африқои ҷанубӣ низ аз тарҳи қарордодҳои ҷадиди ширкатҳои бузурги нафтии русӣ ба маблағи ҳудуди 75 миллиард доллар сухан ба миён омада буд, ки бахше аз ин қарордодҳо тавассути давлати ҷадиди Африқои ҷанубӣ лағв шудааст.
Чин дар ин миён ҳавзаи фаъолиятҳои иқтисодӣ-тиҷории худро ҳамчунон дар қораи Африқо афзоиш медиҳад. Чин мехоҳад дар соли ояндаи мелодӣ 60 миллиард доллар дар Африқо сармоягузорӣ кунад. Иттиҳодияи Аврупо дар ин замон тарҳи сармоягузории ҳудуди 40 миллиард доллариро дар ин қора барномарезӣ кардааст.
Ҳам иттиҳодияи Аврупо ва ҳам Чин тақрибан ҳар се сол якбор нишасти мушобеҳи нишасти сарони Русия – Африқоро бо сарони кишварҳои қораи Африқо баргузор мекунанд. Дар охирин нишасти Чин бо сарони кишварҳои африқоӣ 150 қарордоди иқтисодӣ ба имзо расид.
Бояд мунтазир монд ва дид, ки нишасти Русия – Африқо дар Сочӣ чӣ дастовардеро барои кишварҳои ширкаткунанда ба армуғон хоҳад овард.
Дойче Велла