Нархи миёнаи пули миллии тоҷикӣ имрӯз 25 октябр дар муомилоти арзии миёни бонкҳо 9 сомониву 69 дирам муодили 1 доллари ИМА муъайян шуд.
Ба асоси иттилои Бонки миллӣ, ба нархи миёна 15 дирам баробари 1 рубл ва 10 сомониву 78 дирам баробари 1 евро мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо системаи Юнистрим қарордод имзо кард ва акнун равон кардани маблағ тариқи рақами кортӣ ба Тоҷикистон имконпазир шуд
Бино ба маълумоти сомонаи banki.ru акнун тариқи низоми интиқоли маблағи “Юнистрим”, ки барои муҳоҷирон машҳур аст метавон дар рақамҳои кортҳои бонкии Тоҷикистону Узбакистон – “Корти Милли” ва “Uzcard” пул фиристод, омадааст..
Дар иттилоия омадааст, ки муштари метавонад маблағро бо евро ва ё доллар интиқол диҳад ва дар Тоҷикистон онҳоро аз корт бо пули сомонӣ ба даст биоранд.
Барои интиқол додани маблағ муштари бояд бо худ шиноснома ва рақами корти қабулкунандаи пулро дошта бошад. Интиқол дар як лаҳза ба анҷом расонида мешавад.
Барои анҷоми интиқоли маблағ ба Узбакистон ҳақи хизматрасони (комиссия) 0%, аммо ба Тоҷикистон 1,5% -ро ташкил медиҳад.
Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷории “Юнистрим” – дар равиши номи худ дорои оператор ва низоми интиқоли маблағ мебошад.
Аввалин бор “Юнистрим” дар соли 2006 иҷозатномаи интиқоли маблағро соҳиб гашт, то ин вақт бо номи “Бонки Юниструм” фаъолият дошт.
Чанде пеш хабар дода будем, ки ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ мабғи калон интиқол меёбад. Ҳоло ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз ҷониби ҳар як муҳоҷир 150 доллар ба кишвар интиқол мегардад.
Тайи 7 соли охир тариқи низоми интиқоли пули “Юнистрим” зиёда аз 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
*****
Ниҳодҳои гумруки Тоҷикистон ва Русия бо имзои тавофуқномаи пешгирӣ аз ъамалиёти машкуки молӣ таъкид бар тақвияти ҳамкорӣ карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии хадамоти гумруки Тоҷикистон, ахиран дар Маскав тавофуқномаи ҷилавгирӣ, кашф ва рафъи ъамалиёти машкуки молиро имзо карданд.
Ҳамчунин, тарафҳо суратмаҷлиси табодули аснод ва иттилоъот дар бораи нархи гумрукии колоҳо дар миёни ду кишварро ба имзо расонданд.
Хуршед Каримзода ва Владимир Булавин, руасои ниҳодҳои гумрукии Тоҷикистон ва Русия ин санадро имзо карданд.
*****
Ба гузориши сойти маводди хоми Нюйорк, баҳои нафт дирӯз панҷшанбе дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон афзойиш ёфт.
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 61 доллару 67 муъомила шуд.
Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк56 доллару 23 сент муъомила шуд.
Қудрати Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт OPEC дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба думболи адами муваффақият дар коҳиши мизони арзаи нафт ва ҷудоии шуморе аз аъзои он ба тадриҷ коҳиш ёфта, ба гунае, ки бархе коршиносон мӯътақиданд ин Созмон дар оянда шояд лағв мешавад.
OPEC тайи 3 соли гузашта натавонист бо коҳиши мизони арза, қимати ҷаҳонии нафтро коҳиш диҳад. Аз сӯи дигар Қатар низ имсол аз узвият дар ин Созмон хориҷ шуд. Эквадор низ хостори хурӯҷ аз он дар соли оянда шудааст.
Хурӯҷи Индонезия, Қатар ва Эквадор аз OPEC, адами содироти нафт аз сӯи Эрон ба далели эъмоли таҳрим тавассути Иёлоти муттаҳидаи Амрико, нузули тавлиди нафти хоми Венесуело ва тавофуқи коҳиши тавлиди нафт бо Русия боиси коҳиши саҳми 14 кишвари узви OPEC дар бозори ҷаҳонӣ то 29 дарсад шудааст.
Созмони OPEC дар соли 1960 бо ҳадафи афзоиши қимати ҷаҳонии нафт ва ташкили блоке дар муқобили ширкатҳои байналмилалии нафтӣ тавассути Арабистони саудӣ, Ироқ, Қувает, Эрон ва Венесуело оғоз ба кор кард. Тайи солҳои 1962 то 1975 кишварҳои бузурги тавлидкунандаи нафт – Қатар, Амороти муттаҳида арабӣ, Индонезия, Либия, Нигерия, Алҷазоир ва Эквадор ба он мулҳақ шуданд.
Бо афзоиши шумори аъзо саҳми OPEC дар бозори ҷаҳонии нафт дар даҳаи 70-и мелодӣ то 70 дарсад афзоиш ёфт. OPEC ҳамчунин контроли мизони арзаи ҷаҳонии нафт ва қимати онро дар даст гирифт.
Муҳаммад Боркинду, дабири кулли Созмони OPEC боиси пешравии узвияти Эквадор дар соли 2017 ва ҷумҳури Конго дар соли 2018 шуд. Ў ҳамчунин ба бозгашти Гобун, ки тайи солҳои 1975 то 1995 узв буд ба OPEC дар соли 2016 кумак кард.
Аз сӯи дигар Эквадор, ки дар соли 1973 узви OPEC шуд ҷиҳати афзоиши тавлид дар соли 1992 аз он хориҷ шуд. Ин кишвар дар соли 2007 муҷаддадан ба узвияти OPEC даромад, аммо акнун бо ишора ба зарари иқтисодии воридомада ба ин кишвар бо тасмимоти ахири OPEC эълом кард, ки аввали январи 2020 аз он хориҷ хоҳад шуд.
******
Баҳои ҳар унс тилло дар муомилоти миёнбонкии Лондон, шоми 24 октябр 1496 доллару 55 сент муъомила шуд.
Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо тасбити субҳи панҷшанбе 7 доллару 70 сент афзойиш ёфт.
Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1346 доллару 45 сент ва фунти инглис 1163,12 муъомила шуд.
Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натоиҷи тасбит ба унвони маҳак дар муомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.